ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:16 | 15 октябр

Шӯрои уъламои Тоҷикистон ҳаҷми закоти моҳи Рамазони шарифро эълом кард

Дата: 13:19, 17-06-2015.


Душанбе. 17 июн. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Бино ба тасмими шӯрои уъламои Маркази исломии Тоҷикистон имсол ҳаҷми закот дар моҳи шарифи Рамазон 305 сомонӣ (47 доллар) мушаххас шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бинобар иттилоъи Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шӯрои уъламои Маркази исломии Тоҷикистон, “ҳаҷми закоти имсол, ки ба сурати ҳатмӣ афроди доро барои мардуми камбисот бояд диҳанд, 305 сомонӣ мушаххас ва эълом мешавад. Додани ин закот фақат барои мусалмононе, ки маблағи 12,2 ҳазор сомонӣ (1 877 доллар) пасандози изофӣ доранд, воҷиб аст”.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, шоми 17 июн пас аз ғуруби офтоб дар Тоҷикистон мисли соири кишварҳои мусалмони ҷаҳон, моҳи муқаддаси Рамазони шариф шурӯъ мешавад.
Бино ба қавонини шаръӣ, мусалмонон дар рӯзҳои моҳи Рамазони шариф, аз фаҷр то ғуруби офтоб бояд ҷиддан рӯза бигиранд, аз хӯрдану нӯшидан ва равобити маҳрамона худдорӣ кунанд ва шаб ба сурати дастаҷамъӣ дар масҷидҳо намози таровеҳро анҷом диҳанд. Солмандоне, ки наметавонанд дар ин моҳи муборак рӯза бигиранд, бояд барои мардуми нодор ҷамъан 300 сомонӣ (46 доллар), яъне ҳамарӯза 10 сомонӣ (1,5 доллар) садақа бидиҳанд. Садақаи фитри Рамазони имсол 4 сомонӣ (ҳудуди 1 доллар) муъайян шудааст.
Дар моҳи Рамазон мусалмонон бояд аз анҷоми ҳама гуна аъмоли бад ва зараровар худдорӣ кунанд.
Вижагии дигари моҳи муборак расондани кумак ба ниёзмандон, нодорон ва ятимон аст. Маънои аслии рӯза саъйу кӯшиши ҳар мусалмон барои тақвияти имон, таҷдиди назар ба шеваи зиндагӣ, увлавиятҳо, таъйини арзишҳои зиндагӣ, расидан ба рушди маънавӣ аз тариқи парҳез ва намозу иъбодати ҳамарӯза аст.      

Поделиться новостью: