ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:13 | 14 декабр

Сатҳи об дар обанбори Норак тақрибан ба ҳадди аксар расид

Дата: 12:22, 13-08-2015.


Душанбе. 13 август. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Сатҳи об дар обанбори Норак тақрибан ба ҳадди аксар расид ва он имрӯз ё фардо аз об комилан пур хоҳад шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи ширкати энержии “Барқи тоҷик”, сатҳи об дар обанбори Норак тақрибан ба 910 метр расидааст ва барои комилан аз об пур шудани он, 10 сантиметр боқӣ мондааст, ки он имрӯз ё фардо аз об пур хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир ҷараёни (равонӣ, мадд) рӯдхонаи Вахш дар минтақаи обанбори Норак ба ҳисоби миёнгин 1 ҳазору 200 метри мукаъаб дар сония аст.
Имсол ҷараёни оби Вахш дар обанбори Норак барои аввалин бор шохиси соли 1974-ро нишон дод. Дар авосити тобистон ба далели пуробии рӯдхона ҷараёни об 3 ҳазор метри мукаъаб дар сония буд.
Афзоиши чашмгири ҷараёни оби Вахш сар аз охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ мушоҳида шуд.    

Поделиться новостью: