ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:45 | 14 декабр

Сарвазири Тоҷикистон аз раванди сохтусози роҳоҳани Ваҳдат-Ёвон боздид кард

Дата: 10:14, 03-11-2014.


Душанбе. 3 ноябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо раванди эҳдоси роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон ошно шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино бар иттилоъи Субҳиддин Муҳиддинов, мушовири аршади дафтари матбуъотии раёсатҷумҳурии ҶТ, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва намояндагони вай аз вазорату муассисаҳои зирабти кишвар дар поёни ҳафтаи гузашта бо раванди сохтусози роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ошно шуданд.
Ба гуфтаи вай, то кунун барои эҳдоси ин қитъаи роҳоҳан 130 мошинолот, беш аз 375 коргар ва мутахассис аз ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб шудаанд.
Таи 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ барои сохтусози ин қитъа беш аз 48 миллион сомонӣ ($9,6 млн.) ихтисос дода шудааст.
Сарвазири Тоҷикистон дар ин ҷо нишасти ситоди сайёри сохтмони роҳоҳани Ваҳдат-Ёвонро баргузор кард ва ба масъулони сохтмон дар мавриди тасреъи босифати сохтусоз, истифодаи дуруст ва баҷои ҳазинаҳо ва ҷалбу истихдоми бештари мутахассисон ба эҳдоси ин қитъаи роҳи оҳан, дастурҳои мушаххас  дод.

Поделиться новостью: