ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:41 | 18 июл

Сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон, шуракои роҳбурдӣ шаш санади нави ҳамкориро имзо карданд

Дата: 16:11, 14-09-2015.


Сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон тавофуқи ҳамкории роҳбурдиро имзо карданд

Душанбе. 14 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Имрӯз дар Душанбе сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон тавофуқи ҳамкории роҳбурдиро (шуракои стротежик) ба имзо расонданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури тоҷик ва Нурсултон Назарбоев, ҳамтои қазоқи вай, ки барои анҷоми сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти сарони кишварҳои уъзви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) вориди Душанбе шудааст, тавофуқи ҳамкории стратегии миёни ҶТ ва ҶҚ-ро имзо карданд.
Тарафайн теъдоде аз асноди танзимкунандаи равобити мутақобили ҳар ду ҷониб дар заминаҳои муҳоҷират, омӯзиш, фарҳанг, варзиш, ҳифозат аз иттилоъоти фаннӣ, аз ҷумла барномаи ҳамкории миёни вазоратҳои умури хориҷа дар солҳои 2016-2017-ро тайид карданд. Куллан 6 санад ба имзо расид.
Дар музокирот Раҳмон бар аҳаммияти сафари Назарбоев ба Душанбе таъкид кард ва онро “оғози марҳилаи нав дар равобити дуҷонибаи Душанбе ва Остона” номид.
Назарбоев гуфт, ки Қазоқистон ва Тоҷикистон миёни худ ҳеч мушкиле надоштанд ва нахоҳанд дошт.
Ӯ афзуд, ки “мо ба Тоҷикистон, шарики роҳбурдии худ сулҳу салоҳ орзумандем, зеро оромиш дар замини тоҷикон барои мо низ муҳимм аст ва мо омодаем, то аз тавсеъаи иқтисоди миллии Тоҷикистон пуштибонӣ кунем”.

Шаш санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шуд

Душанбе. 14 сентябр. ТоҷикТА -- Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии миёни руасоиҷумҳури тоҷик ва қазоқ дар Душанбе, дар ҳузури сарони ду кишвар шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Дар оғози маросим, тавофуқи шарокати роҳбурдии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев имзо карданд.

Қобили зикр аст, ки панҷ санади дигар дар заминаҳои зер ба имзо расид:
Тавофуқномаи миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояти фаннӣ аз иттилоъот;
Пешнавис (протокол) дар мавриди вуруди тағйиру иловаҳо ба тавофуқномаи миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 4 майи соли 2006 дар заминаи фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар қаламрави Тоҷикистон кор мекунанд;
Пешнавис дар мавриди вуруди тағйиру иловаҳо ба тавофуқномаи миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар аърсаи омӯзишу парвариш аз 13 июни соли 2000;
Тавофуқномаи миёни кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии вобаста ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар аърсаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ;
Барномаи ҳамкорӣ миёни вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2016-2017.

Дар нишасти матбуъотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот ибрози ризоъият намуданд ва ба дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар, ба хусус дар робита ба эълони шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон баҳои баланд доданд.

Нурсултон Назарбоев Тоҷикистонро шарики муҳимми стратегии Қазоқистон номид ва афзуд, ки барои таҳким ва густариши шарокат аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ба сурати муассир истифода хоҳанд кард.

Поделиться новостью: