ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 5:46 | 16 ҷумъа

Рустам Эмомалӣ дар маросими гушоиши бузургтарин боғи обии Тоҷикистон дар Душанбе ширкат кард

Дата: 14:39, 20-06-2017.

Душанбе. 20 июн. ТоҷикТА – Дар Душанбе бузургтарин боғи обии Тоҷикистон – “Обшорон” ба баҳрабардорӣ расид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар маросими гушоиши ин боғи обӣ, ки дар рӯ ба рӯи боғи ҳайвоноти Душанбе ҷой гирифтааст, ширкат кард.
Боғи обии “Обшорон” дар майдони 20 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст. Боғи обӣ дорои 7-то ҳавз бо манзараҳои гуногун, фаввораҳо, 14-то аттраксиюнҳои обӣ, майдончаҳо барои бозиҳои обӣ мебошад.
Боғи обӣ зарфияти пазироии якбора аз беш аз 300 танро дорад. Ҳазинаи сохтусози ин боғ 63,6 миллион сомонӣ мебошад.
Ширкати сохтусозии “Сохтмони махсус” бо ҳамкорӣ бо ширкати итолиёии Preston & Barbieri сохтусози ин боғро анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки сохтусози боғи обиро ширкати туркии “Эмек Прожект Лимитед Ширкати” дар соли 2003 оғоз карда буд. Вале, баъдан ин ширкат масъулияти қарордодии худро ъамалӣ накард ва баъди 5 моҳ аз идомаи иҷрои тарҳ даст кашид.
Гуфта мешавад, ки ширкати Туркия дар моҳи феврали соли 2003, баъди имзои қарордоди сохтусози боғи обӣ, дар садади хариди маводди сохтмонӣ аз Русия буд. Вале, баъди як моҳ нархи  маводди сохтмонӣ ду баробар боло рафт ва ширкати туркӣ масъулияти худро дар назди сафорашдиҳандааш иҷро накард.
Ъарзаи чандбораи шаҳрдории Душанбе ба ин ширкат бидуни посух монд.

Поделиться новостью: