ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:10 | 13 декабр

Рустам Азимов: Ӯзбекистон аълоқаманди тавсеъаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст

Дата: 16:18, 24-06-2015.


Душанбе. 24 июн. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Ба гуфтаи Рустам Азимов, муъовини аввали нахуствазир ва вазири дороии Ӯзбекистон, кишвараш аълоқаманди тавсеъаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бинобар иттилоъи як манбаъ дар сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, нишасти навбатии комиссиюни байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии миёни ҶТ ва ҶӮ, ки 22 июн дар Тошканд оғоз шудааст, таҳти раёсати Давлаталӣ Саид, муъовини аввали нахуствазири тоҷик ва Рустам Азимов, ҳамтои ӯзбеки вай идома дорад.
Расонаҳои хабарии Ӯзбекистон бо нақли қавл аз Рустам Азимов гузориш кардаанд, ки “баррасии тиҷорати дуҷонибаи миёни кишварҳо дар солҳои охир аз шохисҳои ночизе бозгӯӣ мекунад. Дар панҷ соли охир мубодилоти тиҷоратии миёни ду кишвар ба ҳисоби миёнгин аз 150 миллион доллар иъборат будааст ва дар поёни соли 2014, ин шохис бо 5,5 дарсад афзоиш ба 160 миллион доллар расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин доду ситад нақши уъмдаро хадамот бозӣ мекунад. Ин арқом бисёр ночиз аст. Мо дар аърсаҳои тиҷоратӣ зарфиятҳои истифоданашудаи бештаре дорем ва барои иттихози тадбирҳои тавофуқшуда ба ҳадафи таъмини рушди тиҷорати дуҷониба ва танаввуъи номгузории он аз ҳисоби ҷалби колоҳои ҷадиди мавриди аълоқа ва тавлидии ҳар ду кишвар, омода ҳастем”.
Вазири дороии (молия) Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки “тавсеъаи иқтисодии ду кишвар, пеш аз ҳама, калиди ҳалли тамоми масоили аслӣ дар аърсаҳои сиёсӣ, фарҳангиву инсондӯстона, иқтисодӣ ва соири бахшҳои равобити дуҷониба ва чандҷонибаи мост”.
Ба аъқидаи вай, баргузорӣ ва ҳузури намояндагони ду тараф дар намоишгоҳҳои саноъатии ҳар ду кишвар, дар оянда ба тавсеъаи равобити тиҷоратӣ мусоъидат мекунад.
Азимов бо ишора ба иъддае аз ибтикороти ҷолиб, пешниҳод намуд, ки масоили коҳиши нархи ҳамлу нақли релӣ (борбарӣ аз тариқи роҳоҳан) дар қаламрави ду кишвар баррасӣ шавад.
Шоёни зикр аст, ки ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-апрели соли 2015, афзун бар 49 миллион доллар будааст.
Дар Ӯзбекистон 18 ширкати муштараки тоҷику ӯзбек фаъолият дорад.

Поделиться новостью: