ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 6:51 | 20 ноябр

Рашид Олимов, сафири пешини Тоҷикистон дар Чин дабири кулли СҲШ интисоб шуд

Дата: 19:35, 12-01-2016.

Душанбе. 12 январ. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Рашид Олимов, сафири пешини Тоҷикистон дар Чин дабири кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) интисоб гардид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар иттилоъи ҳукумати ҶТ, Рашид Олимов, сафири пешини Тоҷикистон дар Чин 12 январи соли ҷорӣ ба асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон “дар робита ба интиқолаш ба кори дигаре” аз симмати сафири ҶТ дар ҶХЧ озод гардид.
Олимов дар моҳи ҷорӣ ба фаъолияташ дар симмати нави дабири кулли СҲШ оғоз кардааст.
Хотирнишон мекунем, ки 10 июл дар нишасти сарони кишварҳои уъзви СҲШ дар Уфа, дипломати тоҷик ба уънвони дабири кулли созмон муъаррифӣ гардид ва дар ин симмат вай ҷойгузини Дмитрий Мизинсев, намояндаи Русия шуд. Пас аз се сол намояндаи Ӯзбекистон дабири кулли СҲШ интисоб хоҳад шуд.
Рашид Олимов 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст ва 62 сол дорад. Вай соли 1975 аз Донишгоҳи миллии давлатии Тоҷикистон фориғ-ут-таҳсил шудааст.
Қобили зикр аст, ки Рашид Олимов намояндаи доимии ҶТ дар СММ будааст ва дар авоили даҳаи навад ба уънвони вазири умури хориҷаи ҶТ ийфои вазифа кардааст.
Дабири кулли СҲШ ҳамоҳангии муассири умури дабирхонаи созмон ва ҳамаи сохторҳои СҲШ, аз ҷумла, сохтори зиддитеррористии минтақаӣ, шӯрои бозаргонон, иттиҳодияи байнибонкӣ, анҷумани СҲШ ва раванди иҷрои ногузири тасмимотеро, ки дар чаҳорчӯби созмон иттихоз мешавад, таъмин мекунад.

Поделиться новостью: