ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:17 | 18 июл

Раиси нави иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон интихоб шуд

Дата: 16:18, 18-01-2016.

Душанбе. 18 январ. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Зинатулло Исмоилзода, раиси шабакаи телевизионии мустақилли СМТ дар анҷумани иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон раиси нави ин созмон интихоб гардид, гузориш медиҳад ТоҷиктА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи созмони хабарнигорони тоҷик, Зинатулло Исмоилзода дар ин симмат ҷойгузини Акбар Сатторов шуд, ки моҳи августи соли гузашта ба сурати нобаҳангом даргузашт.
Барои касби ин симмат чаҳор нафари дигар -- Сайёфи Мизроб, Гули Зард, Суҳробшоҳ Фаррухшоҳ ва Яъқуб Исмоилзода низ номзадии худро пешниҳод карда буданд.
З. Исмоилзода моҳи ноябри соли 2015 ба тасмими ҳукумати Тоҷикистон раиси академияи расонаҳои хабарии кишвар интисоб шуда буд.
Дар анҷумани иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон 168 намоянда аз тамоми ноҳияҳои кишвар ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳур дар умури равобити уъмумӣ ширкат карданд.
Яъқуб Исмоилзода, ки пас аз даргузашти Акбар Сатторов раёсати созмонро ба сурати муваққатӣ анҷом медод, дар оғози анҷуман гуфт, ки таи 5 соли ахир теъдоди 60 нафар аз хабарнигори тоҷик даргузаштанд.
Ҳозирон ба эҳтиром ва ёдбуди ҳамкорони фақидашон як дақиқа сукут карданд.

Поделиться новостью: