ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:40 | 16 октябр

Раиси ФИФА футболбозони «Истиқлол»-ро бо касби қаҳрамонии пеш аз анҷоми мусобиқот шодбош гуфт

Дата: 10:46, 28-10-2014.


Душанбе. 28 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Раиси ФИФА футболбозони  «Истиқлол»-и Душанберо бо ба даст овардани медали тиллои қаҳрамонии мусобиқоти футболи Тоҷикистон табрик кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуъоти федерасиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), Йозеф Блаттер, раиси федерасиюни байналмилалии анҷуманҳои футбол (ФИФА) уънвонии федерасиюни футболи Тоҷикистон ба муносибати пирӯзии “Истиқлол”-и  Душанбе дар мусобиқоти Тоҷикистон-2014, номаи табрикӣ  фиристод.  
Аз ҷумла дар номаи табрикии Блаттер уънвонии  Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ чунин омадааст:
“Пирӯзии тими “Истиқлол” имкон медиҳад, ки аз кори бисёр хуб анҷомшуда эҳсоси қаноъатмандӣ ҳосил шавад. Медонам, ки ин комёбӣ ношӣ аз эътимод ва саъйу талошҳои ҳамаи уъзв ва муртабитин аст. Ин пирӯзии кулли тим, бозикунон, мураббиён, ходимони фаннӣ, тиббӣ ва албатта, мухлисон мебошад. Пӯёӣ, нерӯи ирода ва фидокорӣ ба анъанаҳои бозӣ, барои тими “Истиқлол” имкон фароҳам кард, ки пас аз солҳои 2010 ва 2011 севумин бор қаҳрамониро ба даст биёрад”.
Йозеф Блаттер дар номаи табрикиаш  ҳамчунин гуфтааст, ки футбол як мактаби зиндагист ва ҳар инсон, ба вижа, ҷавонон аз ин бозӣ метавонанд манфиъатҳои иҷтимоъӣ ва хусусӣ ба даст оранд ва бинобарин, аз ҳамаи бозикунони “Истиқлол” даъват мекунам, то кори худашонро ҳаминт тавр муваффақона идома бидиҳанд, зеро футбол барои сохтани ояндаи беҳтар ёрӣ медиҳад ва ман аз ширкати “Истиқлол” дар ин раванд ибрози сипос мекунам.
Хотирнишон мекунем, ки “Истиқлол”-и Душанбе  бо пирӯзӣ бар тими “Хуҷанд” (2 бар 0) дар бозии даври 15-ум пеш аз анҷоми мусобиқот қаҳрамониро ба даст овард.
Ин севумин пирӯзии “тиллоӣ”-и “Истиқлол” аст, зеро тими пойтахт солҳои 2010 ва 2011 низ қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.

Поделиться новостью: