ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:59 | 15 октябр

Раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” дахолати шарикони худ ба созмондиҳии гирдиҳамойиро инкор кард

Дата: 17:57, 10-10-2014.


Душанбе.10 октябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Каромат Шарифов, раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” ба гирдиҳамойии 10 октябр дахолат ва нисбат доштани шарикони худ аз ҷунбиши “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро радд кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Шарифов дар сойти “Муҳоҷирони кории тоҷик” менависад:
“Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон”  ҳеч гоҳ силоҳи нерӯҳои сиёсӣ нахоҳад буд ва иҷоза намедиҳад, ки онро дар бозиҳои сиёсии худ истифода кунанд, аз ҷумла имрӯз дастхуши бозиҳои созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” нахоҳад шуд”.
Ба гумони ӯ, “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон” ҷунбиши иҷтимоъии умумрусия  “Муҳоҷирони кории тоҷик”-ро маркази ҷалби ҳамаи тоҷикон ва ҳастаи якпорчагии ҳамватанон дар хориҷ аз кишвар мешуморад.
Шарифов изҳор мекунад, ки “Муҳоҷирони кории тоҷик” созмони мухолифи давлат нест, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин созмони умумрусия мухолифи давлат аст, вале аъзо ва довталабони ҷунбиш на бо кори сиёсӣ, балки бо фаъолиятҳои дидабони ҳуқуқи башар машғуланд ва дар чаҳорчӯби қонуни асосӣ ва муқаррароти ФР кор мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии ҷунбиш мубориза барои расидан ба қудрат дар Тоҷикистон набуда, балки ҳадаф ироаи воқеъиятҳо аз равзанаи худ ва мардум ба ҷаҳон аст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари ҷунбиш афзуд, ки далелҳои гирдиҳамойии эътирозиро, ки қарор аст 10 октябр дар Душанбе баргузор шавад, бояд пеш аз ҳама дар шарри нухбагони ҳоким ҷустуҷӯ кард.  
Каромат Шарифов идома медиҳад:
“Ман шахсан дар бораи хатову иштибоҳҳои зиёди мақомоти Тоҷикистон рӯку рост мегӯям. Камунистҳои собиқ аз худ, аъзои хонавода ва хешу таборашон нухбагони ҳокимро баргузидаву созмон доданд. Нухбагони сиёсӣ ҳамаи он дастовардҳоро, ки мардум дар замони шӯравӣ ба даст оварданд, тасарруф карданд ва манобеъи табиъиро фурӯ бурданд, гурӯҳи ақаллияти ҳокимро рӯи кор оварданд ва аз мардуми худ мустақилл ва новобаста гардиданд. Ин дар ҳолест, ки мардум як бурда нонро барои таъмини хонавода дар ҷабҳаи кору заҳмат ба даст меоранд”.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони ҶТ зимни ирсоли номаҳо ба созмони онҳо дар ин бора иттилоъ медиҳанд.
Шарифов меафзояд: “Мо номаҳои мардумро дар сойт ва рӯзномаамон чоп мекунем. Зоҳиран, давлат бояд натиҷагириҳои даркорӣ бароварад ва тағйир кунад. Вале давлат дар роҳи пайдо кардани душман аст”.

Поделиться новостью: