ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:08 | 13 декабр

Пойтахти Тоҷикистон ба уънвони “Шаҳре, ки мехоҳӣ зиндагӣ кунӣ” сазовор гардид

Дата: 16:44, 22-10-2014.

Душанбе. 22 октябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ба уънвони “Шаҳре, ки мехоҳӣ зиндагӣ кунӣ” сазовор дониста шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бино бар иттилоъи шаҳрдории пойтахт, шаҳри Душанбе бо дипломи ҳафтумин озмуни байналмилалии шеваҳои шаҳрӣ миёни шаҳрҳои кишварҳои мустақили ҳамсуд (КМҲ) ва иттиҳоди иқтисодии Уруосиё (ИИУО) – “Шаҳре, ки мехоҳӣ зиндагӣ кунӣ” тақдир гардид.
Ба иттилоъи манбаъ, Душанбе ин уънвонро барои рифоҳ ва рушди зерсохторҳои мудерни шаҳрӣ ва баргузории тадбирҳои байнидавлатии КМҲ ва СҲШ (созмони ҳамкории Шонгҳой) ба сурати аҳсан, ба даст овардааст.
Ҳамчунин, шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сӯи маҷмаъи байналмилалии пойтахтҳо ва калоншаҳрҳо бо медали “Барои саҳм дар рушди ҳамкории байни шаҳрҳо” тақдир гардид.    

Поделиться новостью: