ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:40 | 18 сентябр

Порузани тоҷик барандаи “тилло” дар мусобиқоти Осиё дар Индонезия гардид

Дата: 15:31, 09-11-2015.


Душанбе. 9 ноябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Шаҳриёр Даминов, варзишкори порузани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Индонезия медали тилло касб кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи кумитаи миллии олимпики Тоҷикистон (КМОТ), Шаҳриёр Даминов дар мусобиқоти қоиқронии (каноэ) танҳо дар фосилаи 200 метр дар миёни наврасон мақоми аввал ва медали тиллоро ба даст овард.
Варзишкорон аз 44 кишвари ҷаҳон дар мусобиқоти порузании Осиё дар қоиқи варзишӣ, қоиқи борик  ва қоиқаждаҳо, ки аз 4 ноябр то 8 ноябр дар Палембанги Индонезия баргузор гардид, ширкат карданд.
Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи порузании қоиқронӣ 5 варзишкори порузан ҳузур доштанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Индонезия интихоби муқаддимотӣ барои ширкат дар Бозиҳои Олимпики-2016 дар Рио-де Жанейро аст.
Куллан дар мусобиқоти порузании Осиё дар қоиқҳои варзишӣ ва борик беш аз 500 нафар варзишкор ширкат карданд.
Дар мусобиқоти порузанӣ дар қоиқаждаҳо варзишкорони 40 кишвар мусобиқа карданд.
Дар мусобиқоти Осиё варзишкорони наврас ва ҷавон низ ширкат карданд.
Созмондиҳандагони мусобиқа бо истифода аз таҷоруби ғании баргузории Бозиҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ дар соли 2011 ва Бозиҳои Ҳамбастагии исломӣ дар соли 2013, омодагии хубе дида буданд.
Ҳамчунин, Суматраи Ҷанубӣ (Индонезия) барои баргузории XVIII Бозиҳои Осиё дар соли 2018 омодагӣ мегирад.
Дар поёни мусобиқоти Палембанг 17-умин ҳамойиши федерасиюни порузании Осиё дар қоиқи варзишӣ ва қоиқи борик баргузор шуд ва Сюй Сихай ноиби раиси созмон интихоб гардид. Вай ҳамчунин ноиби раиси анҷумани варзишкорони порузани Чин дар қоиқи варзишӣ мебошад.

Поделиться новостью: