ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:15 | 14 декабр

Паҳлавони тоҷик дар рутбабандии ҷудуи ҷаҳон ба палаи 12 суъуд кард

Дата: 12:19, 20-05-2015.


Душанбе. 20 май. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони ҷудукори (дзюдоист) тоҷик дар рутбабандии ҷудуи (дзюдо) ҷаҳон ба палаи 12 суъуд кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Ин иттилоъро мақомоти федерасиюни миллии ҷудуи Тоҷикистон тайид карданд.
Қобили зикр аст, ки варзишкорони ҷудуи тоҷик мавқеъи худро дар рутбабандии ҷудукорони ҷаҳон, бо касби муваффақият дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2015 дар Кувейт, беҳтар карданд. Дар мусобиқоти Кувейт ҷудукорони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар радаи вазни то 90 кг аз палаи 16 ба палаи 12, Саидҷалол Саидов дар радаи вазни то 100 кг аз палаи 129 ба палаи 50 ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар радаи вазни беш аз 100 кг аз палаи 63 ба палаи 59-и рутбабандаи ҷудуи ҷаҳон суъуд карданд (баромаданд, боло рафтанд).
Хотирнишон мекунем, ки дар мусобиқоти ҷудуи Осиё, ки 17 май дар Кувейт анҷом ёфт, ду варзишкори тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов медали брунз ба даст оварданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувейт ба далели доштани муҷаввиз барои ғолибон ва қаҳрамонон имкон медиҳад, то дар бозиҳои Олимпики Рио-де-Жанейро-2016 ширкат кунанд. Биноан, пирӯзиҳои ахир ва мавқеъи кунунии Комроншоҳ роҳро барои ӯ ба сӯи бозиҳои Олимпики соли оянда боз кардааст.
Дар ҳамин ҳол, қаблан гузориш шуд, ки 16-17 май дар шашумин ҷоми ҷудуи Урупо дар шаҳри Оренбурги Русия, ҳамаи 8 тан аз ҷудукорони тоҷик, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар ин мусобиқа ширкат карданд, шикаст хӯрданд.
Дар мусобиқаи Оренбург 183 варзишкор аз 17 кишвари Урупо ва Осиё ширкат карданд.

Поделиться новостью: