ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 6:20 | 20 ноябр

Ҷон Керрӣ: Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии ИМО ҷойгоҳи вижа дорад

Дата: 19:00, 03-11-2015.


Душанбе. 3 ноябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико изҳор кард, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиё Марказӣ барои сиёсати хориҷии ИМО ҷойгоҳи вижа дорад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, Ҷон Керрӣ дар Душанбе дар мулоқот бо раисҷумҳури тоҷик Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “мо ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон идома медиҳем. Ҳамкории ИМО ва ҶТ дорои аҳаммияти вижа аст, зеро Тоҷикистон барои мо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижае дорад, зеро он бо Афғонистон ҳаммарз аст, ҳамчунин масоили мубориза бо терроризм, ифротгарӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди  мухаддир аз масоили мубрами рӯз аст”.  
Ҳамчунин, ӯ мавзеъи ҳукумати ИМО-ро дар талош барои хуруҷи (берун овардан) Тоҷикистон аз бунбасти иртибототӣ тайид кард.
Тарафайн масоили ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ҶТ ва ИМО-ро баррасӣ карданд.
Э.Раҳмон сафари меҳмони баландпояро “намунаи таваҷҷуҳи афзояндаи ҳукумати ИМО барои тақвияти равобити дарозмуддат ва тавсеъаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон уънвон кард”.
Ба гуфтаи Раҳмон, ҳамкорӣ бо ИМО яке аз увлавиятҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҷониби тоҷик дар оянда низ барои тавсеъаи ин равобит талош хоҳад кард.
Ҳамчунин, Ҷон Керрӣ таъкид кард, ки ҳукумати ИМО ифтихор дорад, ки Тоҷикистон кишвари мустақиллест, ки барои ҳалли мушкилоти иқтисодии худ талош мекунад.
Мусоҳибон аз тавсеъаи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин, дар аърсаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ бо дар назардошти манофеъи миллии ҳар ду кишвар ибрози ризоъият карданд.
Дар дидори раисҷумҳури тоҷик ва вазири хориҷаи омрикоӣ масоили марбут ба вазъияти кунунии Афғонистон ва соир масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ низ баррасӣ гардид.

Поделиться новостью: