ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:40 | 16 октябр

Ниҳодҳои қудратӣ вазъият дар марзи тоҷику қирғизро таҳти назорат қарор надодаанд

Дата: 18:31, 04-08-2015.


Сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам даргирӣ ва сангборон карданд
Душанбе. 4 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод.  Сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рафти муноқишаву даргирӣ якдигарро сангборон карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар иттилоъи расонаҳои хабарӣ бо истинод ба мақомоти қудратии маҳаллӣ, дирӯз, соъати 16:40 дар марзи тоҷику қирғиз муноқиша сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки беш аз 100 нафар аз сокинони рустоҳои Кӯктоши ноҳияи Бодканти Қирғизистон ва Майи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва рӯбарӯи ҳам қарор гирифтанд ва якдигарро сангборон карданд ва теъдоде афрод аз ҳар ду тараф осеб диданд.
Кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ саривақт ба маҳалли даргирӣ расиданд ва аз фарогир шудани муноқиша ҷилавгирӣ карданд.  Гуфта мешавад, ки кормандон ба аҳолӣ роҳҳои пешгирӣ аз мунозеъоту даргириҳоро тавзеҳ медиҳанд.
Бино ба гузориш, рустоиёни қирғиз ба далели ин ки рустоиёни тоҷик роҳи гӯристони воқеъ дар ҳудуди наздимарзиро бастанд, даст ба муноқиша ва даргирӣ заданд.

Марзбонони қирғиз дар маҳалли марзии даргириҳо ду тан аз шаҳрвандони тоҷикро захмӣ карданд
Душанбе. 4 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Марзбонони Қирғизистон дар маҳалли даргирии рустоиёни тоҷику қирғиз шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳадаф қарор доданд ва ду нафарро захмӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар гузоришҳои расонаҳои хабарӣ бо истинод аз шаҳрдории Исфара, дар марзи тоҷику қирғиз, ки аз ду рӯз ба ин сӯ муноқишаҳо миёни рустоиёни тоҷику қирғиз идома дорад, марзбонони қирғиз ба сӯи тоҷикон аз силоҳ оташ гушоданд ва дар паи ин, ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шуданд.
Ҳарчанд намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳар ду кишвар дар марз, яъне маҳалли муноқиша қарор доранд, вале то кунун натавонистаанд вазъиятро таҳти назорат бигиранд.
Дирӯз миёни аҳолии рустоҳои Майи Исфара ва Кӯктоши Бодкант муноқиша сурат гирифт ва ҳар ду ҷониб якдигарро сангборон карданд.
Бино ба бархе аз гузоришҳо, дар задухӯрд ҳудуди 120 нафар тоҷик ва 80 нафар қирғиз ширкат кардаанд.
Ба гуфтаи яке аз манобеъ, рустоиёни қирғиз маҷрои канали обро бастанд, то дастрасии аҳолии рустоҳои тоҷикнишин (Чоркӯҳ) ба об қатъ шавад ва дар посух, тоҷикон роҳи гӯристони қирғизҳоро, ки аз миёни рустоҳои тоҷикнишин мегузарад, бастанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан бархе аз расонаҳои хабарии Қирғизистон ҳамин далелро сабаби пайдоиши муноқиша гузориш карда буданд. Вале бо як тафовути аслӣ, ки гӯё аввал тоҷикон роҳи гӯристонро бастанд ва баъдан қирғизҳо дар ҷавоб маҷрои канали обро бастаанд.
Ёдовар мешавем, ки дарозои марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 978 километр иъборат буда, ҳамагӣ 530 километр аз он таъйини хутути марзӣ шудааст. 448 километри мавриди баҳси хутути марзии миёни ду кишвар, аз васати  манотиқи пурнуфуси вилояти Суғд ба дарозо кашидааст.
Ҷониби тоҷик таъйини хутути марзиро ба асоси асноди марбутаи солҳои 1924-1927 пешниҳод мекунад, вале тарафи қирғиз дар ин росто ба санади асосӣ қарор додани маводди комиссиюни муштараки соли 1958 исрор мекунад. То кунун тарафҳо натавонистаанд тавофуқ кунанд, биноан дар ин маврди музокирот идома дорад.
Ва ҳамчунин, мунозеъоту муноқишот, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона дар қитъаҳои марзии мавриди баҳс  идома дорад.
Бо ин ҳол, бинобар хабарҳои тозарасида, масъулони хадамоти марзи давлатии Қирғизистон изҳор кардаанд, ки марзбонони қирғиз дар муноқишаи рустоиёни тоҷику қирғиз аслан аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд.

Поделиться новостью: