ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:58 | 13 декабр

Нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар марзи тоҷику афғон мавзеъ мегиранд

Дата: 12:59, 18-05-2015.


Душанбе. 18 май. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Нерӯҳои ҷамъии вокуниши сареъи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (НҶВС СПАД), ки дар қаламрави Тоҷикистон дар чаҳорчӯби озмоиши ногаҳонии омодагии размии НҶВС размоиш баргузор мекунанд, дар марзҳои тоҷику афғон мавзеъи худро муъайян карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи маркази матбуъотии вазорати дифоъи ҶТ, дар сурати вахомати авзоъ дар марзи тоҷику афғон нерӯҳои ҷамъии вокуниши сареъи СПАД дар масири минтақаҳои Шаҳритус, Панҷ, Ҳамадонӣ ва Дарвоз мавзеъ хоҳанд гирифт.
Имрӯз,18 май, дар размоишгоҳи «Ҳарбмайдон»-и подгони (гарнизон) Хатлон тамриноти марҳилаи фаъоли озмуни омодагии размии НҶВС СПАД  баргузор мешавад ва фардо, 19 май воҳидҳои нерӯҳои ҷамъӣ омӯзишҳои размии худро бо маҳоратҳои аъмалӣ ва тирандозиҳо ҳамоҳанг мекунанд.
Хотирнишон мекунем, ки дар тадбирҳои озмуни ногаҳонии НҶВС беш аз 2,5 ҳазор низомӣ бо 200 воҳид таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ (аз ҷумла БТР ва БМД), 20 фарванд ҳавопаймо ва чархболи размӣ ва 30 фарванд ҳавопаймои низомиву борбарӣ аз ҳамаи кишварҳои уъзви СПАД – Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Нерӯҳои ҷамъии вокуниши сареъи СПАД рӯзҳои 13-15 май ба сурати сареъ ба Тоҷикистон мунтақил ва дар марзҳои тоҷику афғон мустақар шуданд.  

Поделиться новостью: