ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:45 | 16 октябр

Намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун “Дар бораи аъфв”-ро ба тасвиб расонданд

Дата: 16:23, 29-10-2014.


Душанбе. 29 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон вакилони порлумон пешнависи қонун “Дар бораи аъфв”-ро тасвиб карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бино бар иттилоъи маҷлиси суфлои (поён) порлумони ҶТ, имрӯз вакилони маҷлиси намояндагон пешнависи қонун “Дар бораи аъфв”-ро, ки раисиҷумҳур Раҳмон ба муносибати 20-умин солгарди Қонуни асосии ҶТ пешниҳод кардааст, ба тасвиб расонданд.
Ба иттилоъи манбаъ, Шерхон Салимзода, додситони кулли ҶТ зимни суханронӣ дар порлумон гуфт, ки пешнависи қонуни имсола таи солҳои истиқлоли кишвар 16-умин қонуни аъфв аст.
Ба асоси қонуни аъфв, маҳкумон ва мазнунон аз маҳбасу боздоштгоҳҳо озод мегарданд, бозрасии парвандаҳои ҷиноӣ баста мешавад, ҳамчунин, занон, кӯдакон, ногироён, афроди синни аз 55 боло, ширкаткунандагони ҳодисаи инфиҷори нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, афроди аз хидмати сарбозӣ сарпечӣ карда ва аз артиш фироркарда ва афроде, ки дар паи беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, аз маҳбас озод мешаванд.
Ба гуфтаи Салимзода, 190 нафар аз маҳкумони гирифтори бемориҳои сил ва дил низ аз маҳбас озод мешаванд. Ҳамчунин, ҳамаи маҳкумоне, ки муҳлати зиндониашон то якуним сол боқӣ мондааст, ба истиснои афроде, ки барои иртикоби ҷиноятҳои куштор, терроризм, хиёнат ба ватан ва таҷовуз маҳкум шудаанд, аъфв мешаванд.  
Ба гуфтаи додситони кулл, занон ва кӯдаконе, ки низ ба хотири ҷиноятҳои хиёнат ба ватан, терроризм ва ифротгарӣ маҳкум шудаанд, мавриди аъфв қарор намегиранд.
Ба таъкиди Салимзода, барои иртикоби ҷиноятҳои сабук нисфи муҳлати ҷазо ва барои ҷиноятҳои сангин як савуми муҳлати ҷазо коҳиш дода мешавад.
Ба гуфтаи вай, афроде, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз маҳбас озод намешаванд.
Ҳамчунин, маҳкумоне, ки қаблан ду бор аъфв шудаанд ва бори севум муртакиби ҷурм шудаанд, низ аъфв намешаванд.
Салимзода афзуд, ки бар асоси қонуни аъфви имсола ҳудуди 10 ҳазор нафар мавриди аъфв қарор мегиранд.
.

Поделиться новостью: