ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:50 | 16 октябр

Мавзуна Чориева, ҷоизадори Олимпиадаи соли 2012 дар мусобиқаи бокси Чин нишони нуқра ба даст овард

Дата: 14:15, 24-07-2014.

Душанбе. 24 июл. ТоҷикТА –  Нигинаи Азизмурод. Муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева, ҷоизадори Олимпиадаи  соли 2012 , дар мусобиқаи бози  муштзании  Чин  соҳиби ҷои дуюм шуд, иттилоъ медиҳад Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон(ТоҷикТА) рӯзи панҷшанбе.
Дар ин бора  ба хабаргузорӣ аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи  бози   Чин  аз 13 то 20 июл дар шаҳри Гуяни ин кишвар баргузор гардида, дар он 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 давлати ҷаҳон ширкат карданд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа се муштзан - Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева ва Светлана Веглина  таҳти раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии тими ҷумҳурӣ  иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, Мавзуна Чориева дар сабқат байни занон дар вазни то 60 килограмм баъди пирӯзӣ ба се рақибаш  аз Муғулистон, Чин ва Таиланд ба даври ниҳоӣ баромад. Вале дар набарди охирин бо Янг Чун Хуа, муштзани дигари чинӣ  бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.
Светлана Веглина дар вазни то 51 кило дар даври аввали мусобиқа ба муштзандухтари Кореяи шимолӣ, ки сониян дар ин вазн ҷои аввал гирифт, бохт.
Анвар Юнусов дар даври аввали вохӯрӣ дар вазни то 60 кило аз зарби мушти рақиби қазоқистонӣ  сараш сахт осеб дид ва табибон  ба ӯ иҷозаи идомаи бозиро надоданд.
Бино ба хабари манбаъ, муштзанҳои тоҷик акнун ба Бозиҳои XVII Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ, ки моҳи сентябр баргузор мегардад,  омодагӣ мебинанд.

Поделиться новостью: