ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 20:49 | 19 октябр

КВИ Тоҷикистон: Садди табиъии дарёчаи Сарез ба зилзилаи 9 дараҷа низ тобовар аст

Дата: 11:51, 20-01-2017.

Душанбе. 20 январ. ТоҷикТА – КВИ ва ДМ Тоҷикистон: Садди табиъии дарёчаи Сарез ба зилзилаи 9 дараҷа низ тобовар аст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Рустам Шоҳиён, нахустмуъовини раиси кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании ҶТ, дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфт, ки садди табиъии Сарез баъди ҳар як зилзила мустаҳкамтар мегардад. Ҳатто зилзилаи 9 дараҷа наметавонад, ки ба садди дарёча осеб бирасонад.
Ба гуфтаи Шоҳиён, дарёчаи Сарез ҳамеша таҳти назорат мебошад.
КВИ назорати шаборӯзии дарёчаро роҳандозӣ кардаст. Таҷҳизоти вижаи замонавӣ дар ҳар соъат аз вазъияти сатҳи об дар Сарез иттилоъ межиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли 1911 рух додани зилзила бо қувваи 9 дараҷа боиси баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб шуд.
Масоҳати дарёча 70 километр, ъумқи он то 500 метр мебошад. Сарез аз сатҳи замин 3255 метр дар баландӣ ҷойгир аст ва беш аз 17 километр мукаъаб об дар дарёча ҷамъ шудааст.

Поделиться новостью: