ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:33 | 15 октябр

Кувайт дар Тоҷикистон намояндагии Маркази ҷаҳонии “Васатия”-ро ифтитоҳ мекунад

Дата: 13:24, 06-05-2014.

Душанбе. 6 май. ТоҷикТА – Нигинаи Азизмурод. Кувайт дар назар дорад, то дар Тоҷикистон намояндагии Маркази ҷаҳонии “Васатия”-ро ифтитоҳ кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
“Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири умури ислом ва вақфи Кувайт, раиси Маркази ҷаҳонии “Васатия” Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқоти тарафҳо масъалаҳои мубориза бар зидди ҳизбу ҷунбишҳои ифротиву моҷароҷӯ, ки номи муқаддаси Исломро ба ҳадафҳои муғризонаи худ истифода мекунанд, баррасӣ гардид. Ҳамчунин, Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ иброз кард, ки Кувайт омода аст, то намояндагии Маркази ҷаҳонии “Васатия”-ро дар Тоҷикистон боз кунад”, -- иттилоъ доданд ба хабаргузорӣ аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ба асоси гузориши манбаъ, таъкид гардид, ки Маркази ҷаҳонии “Васатия” пайваста аз мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ пуштибонӣ мекунад ва дар ин раванд ҷойгоҳи пойдори худро дорад. Мувофиқи иттилоъи манбаъ, ҳангоми суҳбат Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки расондани кумакҳои моддӣ ва молӣ ба ҳадафи пешбурди кишварҳои ақибмондаи мусалмонӣ ва аз байн бурдани тафовути миёни давлатҳои доро ва нодор барои ҳамаи Умма муфид хоҳад буд.

Поделиться новостью: