ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:26 | 13 декабр

Имрӯз дар Тоҷикистон 20-умин солгарди Қонуни асосиро ҷашн мегиранд

Дата: 10:52, 06-11-2014.


Душанбе. 6 ноябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Имрӯз дар Тоҷикистон аз 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии кишвар таҷлил мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Қонуни асосии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тасвиб расид. Сарқонуни кишвар муташаккил аз 100 модда, ваҳдатгароӣ, ҳокимияти қавии раёсатҷумҳурӣ, мақоми давлатии забони тоҷикӣ, мақоми забони русӣ ҳамчуни забони иртибототи миёни қавмҳои кишвар ва мухторияти вилояти Бадахшони кӯҳиро фароҳам кардааст.
Ворид кардани ислоҳу тағйирот ба Сарқонун аз тариқи ҳамапурсӣ имконпазир аст. Нахустин бор 26 сентябри соли 1999 ба Қонуни асосии ҶТ ислоҳ дар мавриди табдили порлумони дорои як маҷлис ба ду маҷлис (палата), ворид гардид.
Бори дувум ба Қонуни асосии Тоҷикистон 22 июни соли 2003 ислоҳ ворид карда шуд: ба асоси ин ислоҳ муҳлати ваколати раисиҷумҳур дар кишвар аз 5 сол ба 7 сол афзоиш ёфт.
Бино бар Қонуни асосии ҶТ, тағйир додани шакли раёсатҷумҳурии идораи давлат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократик, ҳуқуқубунёд, дунявӣ ва иҷтимоъии давлат ғайримумкин ба шумор меравад.
Дирӯз, 5 ноябр дар Кохи Борбад ба муносибати 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳфили бошукӯҳе баргузор шуд.
Раҳмон зимни суханронӣ дар ин тадбир, нахустин Қонуни асосии Тоҷикистонро “санади сарнавиштсози миллат” номид ва “бо эҳсоси ифтихормандӣ ва хурсандии самимона, аз таҳти дил ҳамватанони гиромиро бо ин ҷашни фархунда” шодбош гуфт.

Поделиться новостью: