ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:52 | 16 октябр

Имрӯз ба футболбозони «Истиқлол» ҷоми қаҳрамонии Тоҷикистонро месупоранд

Дата: 11:28, 12-11-2014.


Душанбе. 12 ноябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Имрӯз ба футболбозони «Истиқлол»-и Душанбе ҷоми қаҳрамонии Тоҷикистон эҳдо мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА  рӯзи чаҳоршанбе.
Бино бар иттилоъи кумитаи миллии олимпики Тоҷикистон (КМОТ), имрӯз 12 ноябр, пас аз анҷоми охирин бозии 17-умин даври лиги футболи миллӣ миёни “Истиқлол” ва тими “Далерони Ӯротепа”-и Истаравшан, ба тими “Истиқлол”-и Душанбе ҷоми қаҳрамонии Тоҷикистон-2014 дода мешавад.  
Ба гуфтаи манбаъ, пас аз поёни ин набарди варзишӣ маросими бошукӯҳ баргузор мешавад ва барои севумин бор ба бошгоҳи “Истиқлол” ҷоми қаҳрамонии Тоҷикистон эҳдо мегардад ва ҳар кадом аз бозикунон ва кормандони бошгоҳи футболи пойтахт, имкону ҳаққи бар сари худ баланд бардоштани ин ҷомро хоҳанд дошт.
Ба иттилоъи манбаъ, “Истиқлол” пеш аз муҳлати анҷоми мусобиқот, дар даври 15-ум бо пирӯзӣ бар тими “Хуҷанд” ба ҳисоби 2 бар 0, уънвони қаҳрамони футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Тими пойтахт қаблан дар солҳои 2010 ва 2011 низ ҷоми қаҳрамонии Тоҷикистонро касб карда буд.
Хотирнишон мекунем, ки “Истиқлол”-и Душанбе ва “Далерон”-и Истаравшан имрӯз, соъати 14:00 дар варзишгоҳи марказии пойтахт ба майдон мебароянд.

Поделиться новостью: