ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:46 | 18 июл

Иъди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 24 сентябр таҷлил мешавад

Дата: 20:00, 23-09-2015.

Дар Тоҷикистон дар Иъди Қурбон як рӯз дам мегиранд

Душанбе. 23 сентябр. ТоҷикТА. Татяна Болшакова – Имсол сокинони Тоҷикистон дар Иъди Қурбон, яъне Иъл-ал-Адҳо ҳамагӣ як рӯз таътил доранд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бинобар иттилоъи федерасиюни иттиҳодияҳои синфии мустақилли ҶТ, имсол Иъди Қурбон ба рӯзи корӣ баробар омад ва биноан, мардуми ҷумҳурӣ ҳамагӣ як рӯз, панҷшанбе, 24 сентябр истироҳат доранд.
Имрӯз, 23 сентябр, рӯзи Аърафа соъати корӣ як соъат коҳиш дода мешавад ва 25 сентябр дубора рӯзи корӣ ба шумор меравад.
Санаи Иъди Қурбонро шӯрои уъламои Маркази исломии Тоҷикистон мушаххас ва эълом кардааст.
Қобили зикр аст, ки Иъди Қурбон монанди Иъди Рамазон бино ба суннати дерини исломӣ, субҳ аз баргузории намози иъд дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи ҷумҳурӣ шурӯъ мешавад.
Сипас мусалмонони доро гӯсфанд, буз, гов ё шутур қурбонӣ мекунанд ва ба аҳли хонавода, маҳалла ва ба хусус, ба нодорон медиҳанд, гӯрҳои бастагонашонро зиёрат мекунанд ва ба хонаи хешу табор ва дӯстону ошноён ба меҳмонӣ мераванд ва ё худашон меҳмон мепазиранд.
Маросими қурбонӣ як бахши муҳимми расму ойинҳои мусалмонон, ба вижа, зоирони Ҳаҷҷ  аст, ки ҳамасола рӯзҳои 8-10 моҳи зулҳиҷҷа бино ба тақвими қамарии исломӣ дар Макка анҷом медиҳанд.

Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Иъди Қурбон шодбош гуфт

Душанбе. 23 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури тоҷик мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии Иъди Қурбон шодбош гуфт ва дар зимн таъкид кард, ки дар рӯзҳои ҷашн ба исроф роҳ надиҳанд, мегузорад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Вай дар паёми табрикии худ ба муносибати Иъди Қурбон, ё Иъд-ал-Адҳо мардуми тоҷикро ба сарфакории пасандози хонавода, сарфаҷӯӣ ва исроф накардан даъват кард.
Раҳмон бо овардани нақли қавл аз китоби “Қобуснома”-и Унсурулмаъолии Кайковус, донишманди бузурги тоҷик гуфт, ки бояд сарф (ҳазина) чунон бошад, ки инсон баъдан ниёзманд ва муҳтоҷ нашавад.
Ӯ афзуд, ки “бино ба суннатҳои исломӣ ин иъд инсонҳоро ба кори хайр, ғамхориву мувозибат аз наздикон, нодорон, ятимон ва ниёзмандон даъват мекунад. Дар ин рӯзи муборак инсонҳо бо шукру сипосгузорӣ ба хонаҳои якдигар мераванд, аз ҳоли муҳтоҷон хабар мегиранд, ба азодорон таслият мегӯянд, мотамдорон барои рӯҳи гузаштагонашон фотиҳаву дуъо мехонанд. Раҳму шафқат ва аъмоли аҷру савоб вазифаи ҳар кадом аз мусалмони боимон аст”.  
Раҳмон дар паёмаш таъкид кард, ки “самимона ҳамаи шумо, ҳамватанони гиромиро бо фарорасии Иъди Қурбон шодбош мегӯям, аз Худованд барои шумо рифоҳ, некӯаҳволӣ ва тандурустӣ хостагорам”.
Ёдовар мешавем, ки имсол Иъди Қурбон дар Тоҷикистон 24 сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Поделиться новостью: