ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:14 | 17 октябр

Гузоришҳо аз нишасти матбуъотии Дэвид Кайе, гузоришгари вижаи СММ дар Душанбе

Дата: 20:05, 10-03-2016.


Гузоришгари СММ ба ҳукумати ҶТ баргузории ҳамапурсии тағйири Қонуни асосиро тавсия намедиҳад
Душанбе. 10 март. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод.  Гузоришгари вижаи Созмони милали муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон баргузории ҳамапурсӣ дар заминаи тағйири Қонуни асосиро тавсия намедиҳад, мегузорад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Дэвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони милали муттаҳид (СММ) дар умури иртиқоъ ва ҳифозат аз ҳаққи озодии баён ва аъқида, дирӯз дар нишасти матбуъотии анҷоми сафараш дар Душанбе изҳор кард, ки ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия намедиҳад, ки ҳамапурсии моҳи маи соли ҷорӣ барои тағйири Қонуни асосиро баргузор кунад, зеро омодагӣ барои баргузории он бидуни баҳсу баррасиҳои лозим идома дорад.
Ба гуфтаи Кайе, “ислоҳу изофаҳои пешниҳодшуда мунҷар ба иҷоди мушкилу масоили зиёд хоҳад шуд, онҳо мубоҳисаҳо ва интиқодҳоро маҳдуд мекунанд, ба далели ин ки ба уънвони интиқод аълайҳи раисиҷумҳур пазируфта мешавад, зеро ҳамаи ислоҳу изофаҳои пешниҳодшудаи Қонуни асосӣ, пеш аз ҳама, ба раисиҷумҳур иртибот дорад”.
Кайе бо баёни ин ки дар Тоҷикистон фишор ба ҷомеъаи маданӣ, расонаҳои хабарӣ вуҷуд дорад ва аъмалан мухолифони сиёсӣ нестанд, афзуд, ки “ин ҳама мӯҷиби нигаронист. Баъйид аст, ки ҳамапурсӣ ба сурати озодона баргузор шавад. Биноан, мо тавсия мекунем, ки ё ҳамапурсӣ баргузор накунанд ва ё барои баррасии бозу озоди ислоҳу изофаҳои пешниҳодӣ иҷоза бидиҳанд”.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон 22 маи соли ҷориро рӯзи баргузории ҳамапурсӣ барои тағйири қонуни асосии ҶТ эълом кардааст. Ислоҳу изофаҳои пешниҳодӣ дар Қонуни асосии ҶТ барои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имкон медиҳад, то дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар ба теъдоди номаҳдуд ширкат кунад. Ҳамчунин, ислоҳу изофаҳои қонун коҳиши маҳдудияти синнии номзадони интихоботи раёсатҷумҳуриро аз 35 то 30 сол дар назар дорад ва ин барои писари аршади Эмомалӣ Раҳмон – Рустами Эмомалӣ шароити қонунӣ фароҳам мекунад, то дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 ба уънвони номзад ширкат кунад.


Гузоришгари вижаи СММ: Аъзои ҳизби исломии Тоҷикистон бояд озод шаванд
Душанбе. 10 март. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дэвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони милали муттаҳид (СММ) дар умури иртиқоъ ва ҳифозат аз ҳаққи озодии баён ва аъқида муътақид аст, ки аъзои боздоштии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бояд озод шаванд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Дар ин бора Дэвид Кайе дар поёни сафараш ба Тоҷикистон, дар нишасти матбуъотӣ дар Душанбе изҳор кард.
Ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки бозрасии парвандаи аъзои ҲНИТ монанди муҳоқимаҳои додгоҳӣ пушти дарҳои баста баргузор мешавад.
Дэвид Кайе гуфт, ки “ман дар ин сафар аз ниҳодҳои зисалоҳи ҶТ дархост кардам, то бароям иҷозаи мулоқот бо аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро бидиҳанд, вале иҷоза нагирифтам”.
Вай бо баёни ин ки таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ барои мақомоти тоҷик далели аслии иттихози теъдоде аз иқдомоти шадид шудааст, гуфт, ки “ман дар ин робита ба ҳукумати тоҷик тавсия додам, ки мафҳумҳои “терроризм” ва “ифротгарӣ”-ро возеҳтар таъриф кунанд, зеро аъдами вуҷуди онҳо барои қувваи қазоия (ниҳодҳои додгоҳ) ваколати густурдаеро боз мекунад”.
Ҳамчунин, гузоришгари вижаи СММ дар мавориди таҳти таъқиб қарор додани аъзои “Гурӯҳи 24” ва соири сиёсатмадорони мустақилл, иҷоди парвандаи ҷиноӣ дар робита ба вакилони дифоъи раҳбарони мухолифат ибрози нигаронӣ кард. Бино ба додаҳои вай, афроди дорои аъқида ва дидгоҳи мутавофит низ аз таҳти пайгард қарор гирифтанашон иттилоъ додаанд.
Ӯ аз ҳукумати ҶТ хост, то ҳамаи афроди ба далоили сиёсӣ боздоштшуда озод шаванд ва раванди муҳокимаҳои оъдилонаи додгоҳиро барои касоне, ки дар иртикоби ҷароими сангин муттаҳам дониста шудаанд, таъмин кунад.
Ба гуфтаи гузоришгари вижа, “пинҳонкорӣ дар ин масоил баҳонае нест. Расонаҳои хабарӣ ва ҷомеъаи маданӣ бояд дастрасии комил ба муҳокимаҳои додгоҳӣ дошта бошанд”.
Д. Кайе таъкид кард, ки ба Тоҷикистон ба асоси даъвати ҳукумати тоҷик омадааст ва Қонуни асосӣ ва қавонини кишвар ҳифозати комил аз ҳуқуқи шаҳрвандонро тазмин мекунад, вале таи ним соли ахир вазъияти марбут ба риъояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бисёр вахим шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 16-17 сентябри соли гузашта 13 тан уъзви шӯрои оълии сиёсии ҲНИТ боздошт шуданд ва 29 сентябр додгоҳи оълии ҶТ ба асоси дархости Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро як созмони ифротиву террористӣ эълом намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ кард .
Мақомот ва фаъолони ҲНИТ дар робита ба шӯриши зиддидавлатии (4-16 сентябри соли 2015) генерали фақид Абдуҳалим Назарзода, муъовини вақти вазири дифоъи Тоҷикистон муттаҳам дониста шудаанд.
Бино ба додаҳои гуногун, ҳудуди 200 тан аз аъзои ҲНИТ дар боздошт ба сар мебаранд.
Қобили зикр аст, ки сар аз моҳи марти соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аз бими таъқиби ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад.

Поделиться новостью: