ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:25 | 18 июл

Global Terrorism Index:Тоҷикистон дар маърази ҳаддиақалли таҳдиди терроризм аст

Дата: 15:39, 17-11-2015.


Душанбе. 17 ноябр. ТоҷикТА – Бино ба гузориши тозаи Шохиси терроризми ҷаҳонӣ-Global Terrorism Index, Тоҷикистон дар маърази камтарин хатари терроризм қарор дорад, мегузорад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба ин гузориши нави пажӯҳишгоҳи байналмилалии иқтисод ва сулҳ, ки таҳти уънвони “Сатҳи терроризм дар соли 2015” мунташир кард, Тоҷикистон дар феҳристи гурӯҳи кишварҳое ҷой дода шуд, ки камтар дар маърази таҳдиди терроризм қарор дорад. ҶТ дар миёни 123 кишвари ҷаҳон дар палаи 84-и ин феҳрист ҷой гирифт.
Ироқ, Афғонистон, Нигерия, Покистон ва Сурия панҷ кишвари аввали феҳрист мебошанд, ки дар соли 2014, 78 дарсади кулли қурбониёни терроризмро додаанд.
Бино ба гузориш, дар соли 2014 сатҳи ҳамалоти террористӣ дар муқойиса бо соли 2013, ба сурати бесобиқа дар таърих 80 дарсад афзоиш ёфт ва 32 658 нафар қурбони террористон шуданд. Ба таври қиёс, соли 2013, 18 111 нафар қурбони ҳамалоти террористӣ шуданд. Аз аъмоли террористон 67 кишвари ҷаҳон осеб диданд.
Созмонҳои террористии монанди Боко Ҳарам ва ДИЪИШ якҷо 51 дарсади қурбониёни ҳамалоти террористии соли 2014-ро бар дӯш доранд.
Бо ин ҳол, бино ба гузориш, дар кишварҳои монанди Гвинеяи Устувоӣ, Ҷопон, Лесото, Бенин, Ботсвана, Коста Рика, Куба, Ҷибути, Салвадор ва Финландия куллан терроризм вуҷуд надорад.

Поделиться новостью: