ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:23 | 10 декабр

Футзалбозони Тоҷикистон дар Тошканд дар мусобиқоти Осиё-2016 ширкат мекунанд

Дата: 10:55, 10-02-2016.

Душанбе. 10 феврал. ТоҷикТА – Футзалбозони тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти Осиё-2016 аз шаҳри Қайроққум ба шаҳриТошканд рафтанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Тими миллии футзали кишвар дар шаҳри Қайроққум давраи 10-рӯзаи омӯзишиву тамринотиро анҷом дод.
Шогирдони сармураббӣ Ҳусейн Шодиев қаблан дар Тошканд бо футзалбозони ӯзбек ду бозии дӯстонаро анҷом доданд.
Тими футзали тоҷик дар 14-умин мусобиқоти қораи Осиё, ки аз 10 то 21 феврали соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бозӣ мекунад.
Рақибони футзалистони тоҷик дар мусобиқоти қораӣ тимҳои Таиланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайпаи Чин (15 феврал) мебошанд.

Поделиться новостью: