Дар Тоҷикистон “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор хоҳад шуд
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
02:37
20 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
15:40

Дар Тоҷикистон “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор хоҳад шуд

14.02.2018 Дар Тоҷикистон “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор хоҳад шуд

Дар Тоҷикистон “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор хоҳад шуд

Душанбе. 14 феврал. ТоҷикТА – Рӯзҳои 17-18 феврал дар Маркази исмоъилиёни шаҳри Душанбе ҷашнвораи фарҳангии “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор хоҳад шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино бба иттилоъи сафорати Ҷопон дар ҶТ, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вазорати фарҳанг, кумитаи умури ҷавонон ва варзиш, Ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар баргузории ин тадбир ҳамкорӣ мекунанд.
Дар чорчӯби ҷашнвора тадобири омӯзишӣ ва тафреҳӣ, муаррифӣ ва намойиши фарҳанги Ҷопон ва суннату дастовардҳои ъилмиву фаннии ин кишвар барномарезӣ шудааст. Вурӯд ба ин тадбир ройгон аст.
Дар ҷашнвора пешбинӣ шудааст, ки тадбире барои боло бурдани огоҳии ҷомеъа дар бораи пуштибонӣ аз ногироён, дави озмойишии бо коляскаҳои ногироён таҳти ъунвони “Монеъаро эҳсос кун” баргузор гардад.
Ъилова бар ин, рӯзи 17 феврал филми ҷопонии “Касе маро пайгирӣ намекунад”-ро (Дубляжи ҷопонӣ бо зернависи русӣ) намойиш хоҳанд дод.
Ҳамчунин, дар чорчӯби тадбир, бозиҳо, барномаҳои консертӣ ва ғайра дар бораи фарҳанги Ҷопон баргузор хоҳад шуд.

Ҳамкорон