Дар Душанбе пули бозсозишудаи роҳи оҳан ба баҳрабардорӣ расид
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
14:47
20 Январ 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
14:37

Дар Душанбе пули бозсозишудаи роҳи оҳан ба баҳрабардорӣ расид

28.12.2017 Дар Душанбе пули бозсозишудаи роҳи оҳан ба баҳрабардорӣ расид

Дар Душанбе пули бозсозишудаи роҳи оҳан ба баҳрабардорӣ расид

Душанбе. 28 декабр. ТоҷикТА – Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе рӯзи гузашта бо раванди бозсозии якчанд пул дар ҷоддаҳои мошингарди пойтахт ошно шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ пули бозсозишудаи роҳоҳанро ба баҳрабардораӣ расонд.
Гуфта мешавад, ки барои навсозии ин пули роҳоҳан 3,2 миллион сомонӣ (363,2 ҳазор доллар) масраф шуд. Ширкатҳои “Лоиҳаинвест” ва “Зебосоз” бозсозии пулро анҷом доданд.
Шаҳрдори пойтахт ҳамчунин ба бозсозии пули роҳоҳани воқеъ дар Наврӯзгоҳи назди рӯдхонаи Душанбе низ оғоз дод.
Ин пулро соли 1929 сохта шудааст, ҳамагӣ як бор, соли 1978 бозсозӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ин пул ба тармими комил ниёз дорад.
Рустам Эмомалӣ бо тарҳҳои сохтусози ҷоддаҳои нави шаҳр низ ошно шуд. Гуфта мешавад, ки ин ҷоддаҳои нав вазъияти роҳбандони кӯчаҳои пойтахтро беҳтар хоҳад кард.
Дар чорчӯби ин тарҳҳо ҷоддаи ъубурии “Дарвозаҳои ғарбии Душанбе-маҳаллаи Чортут” (7,3 километр), сохта мешавад, ки фосилаи он 53-60 метр буда он ғарби шаҳрро аз тариқи Боғи милии Тоҷикистон бо ноҳияи хурди “Политехникум” пайванд хоҳад кард.
Як ҷоддаи нави дигар, ки 1 километр фосила ва 25 метр вусъат хоҳад дошт, “Наврӯзгоҳ”-бо бо майдони “Ғалаба” пайванд хоҳад кард.
Боз як ҷодда бо фосилаи ҳудуди 1 километр, кӯчаи Соҳилиро бо кӯчаи Низомии Ганҷавӣ пайваст хоҳад кард. Ин ҷодда дар миёни бунгоҳи “Шарқи Озод” ва Дарёчаи ҷавонон сохта мешавад, ин ҷодда аз рӯдхонаи Душанбе ъубур хоҳад кард. Фосилаи ин ҷодда 65 метр хоҳад буд.

Ҳамкорон