Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:35
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
14:26

Тоҷикистон дар соли ҷорӣ тавлиди 1,8 миллион тонна ангиштро барномарезӣ кардааст

07.08.2017 Тоҷикистон дар соли ҷорӣ тавлиди 1,8 миллион тонна ангиштро барномарезӣ кардааст

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тавлиди 1,8 миллион тонна ангишт барномарезӣ шудааст

Душанбе. 7 август. ТоҷикТА – Тоҷикистон соли ҷорӣ тавлиди 1,8 миллион тонна ангиштро барномарезӣ кардааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати саноъат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, беш аз 80 дарсади ангишти тавлидшаванда барои нерӯгоҳи ҳароратии “Душанбе-2” равона хоҳад шуд.
Ин нерӯгоҳи ҳароратӣ дар як шаборӯз 6 ҳазор тонна ангишт масраф мекунад. Бо ин ҳол, фаъолияти НҲ “Душанбе-2” боиси афзойиши тавлиди ангишт дар кишвар шуд.
Ба асоси додаҳои манбаъ, ин нерӯгоҳ дар шаш моҳ бо 400 ҳазор тонна ангишт таъмин шудааст.
Дар зимн, ба иттилоъи ширкати “Барқи тоҷик”, барои НҲ “Душанбе-2” анборе сохта шудааст, ки он тавоноии нигаҳдории беш аз 450 тонна ангиштро дорад. Бо ин ҳол, таъмину нигаҳдории ангишт барои ин нарӯгоҳ мушкиле иҷод нахоҳад кард
Бино ба иттилоъи вазорати энержӣ ва захоири обии ҶТ, дар НҲ “Душанбе-2” тадобири марбут ба масоъили амнияти эколожӣ баргузор мешавад. Ширкати чинии Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА), ки паймонкори ин тарҳ мебошад, навсозии таҷҳизоти эколожии сохтмонро идома медиҳад.
Аз ҷумла, сомонаҳои полояии барқӣ ва бофташудаи нерӯгоҳ ъиваз шудаанд, ки онҳо партобҳоро ба атмосфера аз ҳаҷми муқарраршуда камтар берун мекунанд.  Искиробберҳои вижв 99,8 дарсади партобҳоро полойиш мекунанд.
Коршиносони энержии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар НҲ “Душанбе-2” корафзоре насб шудааст, ки дар сурати зарурӣ гузори корхона ба истифодаи гозро таъмин мекунад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ба баҳрабардорӣ расидани дувумин марҳилаи ин нерӯгоҳ бо 300 мВт, зарфияти кулли он ба 400 мВт расид.
Дар натиҷаи афзойиши зарфияти нерӯгоҳ тавлиди нерӯи барқ низ рушд кард, ки дар натиҷа дар моҳи январи соли ҷорӣ маҳдудияти нерӯи барқ лағв шуд.

Ҳамкорон