Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
07:28
25 Июл 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
14:59

Захираи тиллоии Тоҷикистон 2,3 тонна афзойиш ёфт

12.05.2017 Захираи тиллоии Тоҷикистон 2,3 тонна афзойиш ёфт

Тоҷикистон дар ним сол захираи тиллоии худро 2,3 тонна афзойиш дод

Душанбе. 12 май. ТоҷикТА – Тоҷикистон дар шаш моҳи охир захираи тиллоии худро 2,3 тонна афзойиш дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба феҳристи моҳи майи Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), захираи тиллоии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 14,6 тонна мебошад.
Бо ин ҳол, Тоҷикистон дар миёни сад кишвари дорандаи захираи тиллоӣ се палла боло рафт ва  дар паллаи 64-ум ҷойгир шуд.
Дар феҳристи моҳи октябри World Gold Council то 23,3 тонна тилло паллаи 67-умро касб карда буд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон захираи бузурги тиллоӣ дорад. Қазоқистон бо захираи 267,7 тонна тилло дар 21-умин паллаи феҳрист ҷойгир шудааст. Қирғизистон бо 4,9 тонна тилло паллаи 84-умро дарёфт кардааст. Ӯзбекистон ва Туркманистон дар феҳрист ворид нашудаанд.
ИМО бо 8133,5 тонна тилоо садри ҷадвали кишварҳои дорандаи захираи тиллоӣ мебошад. Олмон 3377,9 тонна, Сандуқи байналмилалии пул 2814 тонна, Итолиё 2451,8 тонна, Фаронса 2435,9 тонна, Чин 1842,6 тонна, Русия 1680,1 тонна, Шветсария 1040 тонна, Ҷопон 765,2 тонна ва Ҳолланд 612,5 тонна захираи тиллоӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон иттилоъоти ҳаҷми захираи тиллоӣ ва арзӣ махфӣ мебошад ва бозтоб намешавад.
Ба асоси додаҳои вазорати саноъат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, дар соли гузашта дар кишвар 5 тонна тилло тавлид шуд, ки ин шумор дар муқойиса бо соли 2015 ним тонна афзойишро нишон медиҳад.

Ҳамкорон