Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
07:28
25 Июл 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
14:59

Раисҷумҳури Тоҷикистон рамзи “Соли ҷавонон”-ро тасвиб кард

31.03.2017 Раисҷумҳури Тоҷикистон рамзи “Соли ҷавонон”-ро тасвиб кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон рамзи “Соли ҷавонон”-ро тасвиб кард

Душанбе. 31 марта. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рамзи “Соли ҷавонон”-ро тасвиб кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон аз миёни тарҳҳои бешуморе, ки рассомони ҷавони кишвар пешниҳод кардаанд, беҳтарини онҳоро интихоб ва ҳамчун рамзи “Соли ҷавонон” тасвиб кард.
Ин рамз намои доирашакл дорад, гирди рамз ба ҳалқаи сабзранг печидааст. Дар дохили ин ҳалқа навиштаҳои “Соли ҷавонон” ва “2017” ҷойгир мебошанд.
Дар маркази рамз курраи замин ва дар он харитаи Тоҷикистон ҷойгир аст, ки он ифодагари истиқлоли кишвар мебошад.
Дар харитаи Тоҷикистон 3 нафар ҷавон бо рангҳои парчами миллӣ тасвир шуданд, ки онҳо нишонаи ягонагӣ, бахт ва офариниши насли ҷавон мебошанд.

Ҳамкорон