ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:07 | 18 июл

Дар Тоҷикистон сангу филизи қиматиро бунёди давлатӣ харид мекунад

Дата: 13:25, 15-01-2016.

Душанбе. 15 январ. ТоҷикТА – Ҳамаи сангу филизоти қиматии Тоҷикистон аз сӯи сандуқи (бунёд, фонд) давлатии ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бинобар иттилоъи Мурод Хол, раиси саридораи заминшиносии вобаста ба ҳукумати ҶТ, кулли сангу филизоти қиматие, ки дар қаламрави Тоҷикистон тавлид мешавад, барои пур кардани бунёди давлатии сангу филизоти қиматии кишвар харидорӣ мешавад. Ҳукумати ҶТ барои харид кардани онҳо бо дар назардошти нархи ҷаҳонии сангу филизоти қиматӣ ҳамаи имконотро дорад.
Ба гуфтаи вай, то кнун ҳатто як грам аз филизи қиматии тоҷик ба хориҷ аз кишвар бурда нашудааст.
Заминшиноси кулли Тоҷикистон афзуд, ки филизоти қиматӣ фақат дар сурати аъдами имкони харидории ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хориҷ бурда мешавад.
Хотирнишон мекунем, ки бино ба додаҳои вазорати саноъати ҶТ, тавлиди тилло дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2015 ҳудуди 2,3 тонна будааст, ки ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2014, ҳудуди ду баробар афзоишро нишон медиҳад.
Дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки «Апрелевка», «Зарафшон», «Одина», корхонаи тобеъаи ширкати чинии China Nonferrous Gold - «Покрут» ва ҳамчунин, корхонаҳои ватании (дохилӣ) «Ганҷ», «Баракат» «Назира» ва «Истиқлол» тилло истихроҷ ва тавлид мекунанд.

Поделиться новостью: