ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 4:13 | 19 август

Дар Тоҷикистон номи бархе аз шаҳрҳо, ноҳияҳо ва обанборро тағйир медиҳанд

Дата: 12:34, 02-02-2016.


Душанбе. 2 феврал. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон номи бархе аз шаҳрҳо, ноҳияҳо ва обанборро тағйир медиҳанд, мегузорад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раёсатҷумҳурии ҶТ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ахиран тасмими ҳукумат дар мавриди тағйир додани номҳои бархе аз шаҳрҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва иншоъоти ҷуғрофиро ба имзо расонд.
Ин пешниҳод барои тасвиб ба маҷлиси санои порлумони ҶТ ироа шудааст.
Бинобар ин тасмими ҳукумати ҶТ, ба ноҳияи Ҳисор мақоми шаҳр дода шуд.
Номи ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор, Ҷиргатол ба Лахш, Ҷилликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба Шамсиддин Шоҳин, Ғончӣ ба Деваштич ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ тағйир хоҳад кард.
Шаҳри Қайроққум ҳамакнун номи Гулистонро ва шаҳри Чкаловск номи Бӯстонро гирифт.  
Садди оби (обанбор) Қайроққум Баҳри тоҷик номида шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Э. Раҳмон дар чаҳорчӯби таҷлил аз ҷашни се ҳазорумин Ҳисори бостон таъкид карда буд, ки ба ноҳияи Ҳисор мақоми шаҳр дода хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки ин тағйири номҳо ба манзури эҳёи номҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ сурат мегирад.

Поделиться новостью: