ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:45 | 18 июл

Дар Тоҷикистон нахустин бор намоишгоҳи ҳунари “шамоил”-ро баргузор мекунанд

Дата: 19:55, 15-10-2015.

Душанбе. 15 октябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Тоҷикистон бо мусоъидати Русия барои аввалин бор намоишгоҳи ҳунари зебои (тасвирӣ) “шамоил”-ро баргузор мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи намояндагии Россотрудничество дар ҶТ, 21 октябр дар музеи миллии Тоҷикистон барои нахустин бор намоишгоҳи ҳунари тасвирӣ зери номи “Шамоил: калом ва тасвир” баргузор хоҳад шуд.
Намоишгоҳ бо мусоъидати сафорати ФР дар ҶТ ва намояндагии Россотрудничество дар ҶТ роҳандозӣ мешавад.
Дар намоишгоҳ ҳудуди 50 шамоили чопӣ аз маҷмӯъаи бунёди пуштибонӣ ва рушди барномаҳои иълмӣ ва ва фарҳангии ба номи Ш. Марҷонӣ дар шаҳри Маскав, ки дар оғози садаи 20 офарида шудааст, ба намоиш гузошта мешавад.
Ин намоишгоҳ дувумин бор аст, ки дар қаламрави кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошта мешавад ва он ҳадафи густариши ҳамкорӣ, тақвияти равобити фарҳангии миёни мардумони Тоҷикистон ва Русияро, ки суннатҳояшон аз бостонзамонҳо ба ҳам пайванд дорад, думбол мекунад.
Баъдан намоишгоҳи шамоил дар Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки шамоил гунаи вижаи ҳунари зебои тасвирист, ки дар садаи 19 дар давраи ислоҳот дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд омада ва дар миёни мусалмонони тотори Волгаи Миёна густариш ёфт.
Вожаи шамоил аз забони аърабӣ “кайфияти зотӣ, шахсият, шаън” баргардон мешавад.
Дар шамоил ҳамоҳангии пайванди ҳунари хуб ва хушнависӣ – калом ва тасвир дида мешавад. Шамоилҳо бино ба ороиши ҳунарӣ ва муҳтаво гуногун мебошанд.
Онҳо дар садаҳои 19 ва 20 густариш ёфтанд ва аъмалан дар солҳои бисти садаи бист аз байн рафтанд.

Поделиться новостью: