ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:44 | 16 октябр

Дар Тоҷикистон ҷашнвораи байналмилалии синамо «Дидор» оғоз мешавад

Дата: 14:30, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон ҷашнвораи байналмилалии синамо «Дидор» оғоз мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ҷашнвораи байналмилалии синамо «Дидор» бо нахустнамоиши филми тамомтӯли мустанади “Комил” оғоз мешавад. Намоиши ин филм дар дар Хонаи синамои пойтахт баргузор мегардад.
Муаллиф, коргардон ва таҳиякунандаи филми “Комил” устоди синамои ватанӣ Сафарбек Солиев мебошад.
Шашумин ҷашнвораи байналмилалии синамо “Дидор” дар Душанбе аз 16 октябр то 20 октябр идома меёбад.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ҷашнвораи Душанбе синамогарони Тоҷикистон, Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ширкат мекунанд.
Имсол барои тамошогарон номгӯи нави ҷашнвора – “филми форсӣ” пешкаш мешавад. Дар ин номгӯй 12 филм намоиш дода мешавад, ки синамогарони кишварҳои форсизабони Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон офаридаанд.

Поделиться новостью: