ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:14 | 14 декабр

Дар шимоли Тоҷикистон корхонаи “Хуҷандатлас” дубора ба кор даромад

Дата: 14:04, 17-10-2014.


Душанбе. 17 октябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар шимоли Тоҷикистон корхонаи “Хуҷандатлас” дубора ба кор даромад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино бар гузориши дафтари матбуъотии вилояти Суғд, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар корхонаи “Хуҷандатлас” дубора ба кор пардохт ва ҳоло дар он 70 нафар фаъолият доранд.
Ба иттилоъи манбаъ, қаблан дар ин корхона анвоъи порчаи атлас тавлид мешуд, ки дар ҷаҳон шуҳрат дошт.
Дар ҳоли ҳозир, корхонаи “Хуҷандатлас” беш аз 60 навъи атласро тавлид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи манбаъ,  дар ояндаи наздик ҳаҷми коркарди дубораи абрешими тоҷик ва тавлиди атлас афзоиш хоҳад ёфт.  

Поделиться новостью: