ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:52 | 18 июл

Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ гушоиш ёфт

Дата: 16:54, 24-03-2016.


Душанбе. 24 март. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар маркази ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд маҷмӯъаи фарҳангии ёдбуди Исмоъили Сомонӣ, поягузори давлатдории тоҷикон гушоиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раёсатҷумҳурии ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон дар маросиси гуоиши ин маҷмӯъа, ки 17,9 миллион сомонӣ (ҳудуди 2,3 миллион доллар) ҳазина доштааст, ширкат кард.
Баландии муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ дар шаҳраки Бӯстон бо шумули пояаш 12 метр аст.
Муҷассамаи ёдбуд дар хиёбони аслии шаҳрак, дар канори боғи фарҳангу фароғати ноҳия аз сӯи Ғафурҷон Ҷӯраев, корманди шоистаи ҳунари Тоҷикистон бунёд шуд. Дар чаҳорчӯби тарҳи бунёди маҷмӯъа бозсозии боғи фарҳангу фароғат, кохи фарҳанг ва сохтусози чойхонаи суннатӣ анҷом шуд.
Раҳмон дар ин сафар дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди шаҳраки замонавии Меҳробод хишти аввал гузошт.
Қарор аст, шаҳраки Меҳробод дар майдони 330 ҳектор дар 18 километрии шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳия сохта ва обод шавад. Сохтусози 220 бинои маскунии дуошёна ва 2500 бинои якошёна дар ин шаҳрак барномарезӣ шудааст. Раисиҷумҳур дар маросими гузоштани санги таҳдоби (хишти аввал) се иншоъот, аз ҷумла дабиристон, бемористон ва кӯдакистони ин шаҳрак ширкат кард.
Ҳамчунин, Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ як дабиристони нави дуошёна барои 240 донишомӯзро ба баҳрабардорӣ расонд.

Поделиться новостью: