ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:57 | 13 декабр

Дар МОИ “Суғд” ва “Данғара”-и Тоҷикистон ба маблағи $5,8 млн маҳсулоти саноъатӣ тавлид гардид

Дата: 13:09, 20-10-2014.


Душанбе. 20 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) “Суғд” ва “Данғара” ба маблағи беш аз 29,3 миллион сомонӣ баробар бо 5,8 миллион доллар, фаровардаҳои саноъатӣ тавлид карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино бар иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ, бахши уъмдаи ин маҳсулотро (29 миллион сомонӣ) МОИ “Суғд” тавлид кардааст.
Ба иттилоъи манбаъ, кулли тавлидоти фаровардаҳои саноъатии МОИ “Данғара” аз 427,5 ҳазор сомонӣ (83 ҳазор доллар) иъборат аст.  
Тазаккур медиҳем, ки кори сохтусоз дар чаҳор минтақаи озоди иқтисодии сабтиномшудаи Тоҷикистон – “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” аз оғози соли ҷорӣ то кунун, ба маблағи беш аз 31,9 миллион сомонӣ (баробар бо 6,3 миллион доллар) анҷом шудааст.
Бештарин умури сохтусоз - ба маблағи  24,7 миллион сомонӣ (баробар бо 4 миллиону 796 ҳазор доллар)-ро дар МОИ “Данғара” анҷом додаанд.

Поделиться новостью: