ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:10 | 16 октябр

Дар масҷидҳои Тоҷикистон субҳи имрӯз намози Иъди Фитрро анҷом доданд

Дата: 12:41, 17-07-2015.


Душанбе. 17 июл. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Мусалмонони Тоҷикистон субҳи имрӯз намози Иъди Фитрро, ки намоду таҷассуми поёни моҳи мубораки Рамазон аст, адо карданд, мегузорад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бинобар иттилоъи шӯрои уъламои маркази исломии Тоҷикистон,  рӯзи анҷоми Рамазони шариф ба асоси қонуни “Дар бораи рӯзҳои ҷашн”-и ҶТ, рӯзи таътил маҳсуб мешавад.
Ҳамин тариқ, имсол дар Тоҷикистон се рӯз, ҷумъа, шанбе ва якшанбе истироҳат мекунанд.
Иъди Фитр поён ёфтани моҳи мубораки Рамазон, нуҳумин моҳи тақвими қамарии исломиро нишон медиҳад.
Мусалмонони Тоҷикистон имрӯз бо тулӯъи офтоб дар аввалин рӯзи моҳи шаввол ба асоси суннати исломӣ, намози иъдро ба сурати дастаҷамъӣ анҷом доданд, суфраи иъд густурданд, меҳмон даъват карданду ба меҳмонӣ рафтанд, қабри наздиконро зиёрат карданд, туҳфаҳо доданду туҳфаҳо гирифтанд ва аз якдигар пӯзиш хостанд.
Дар моҳи Рамазон мусалмонон барои нодорон ва камбисотон закоти фитр медиҳанд.

Поделиться новостью: