ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:33 | 18 июл

Дар Хуҷанд ба ифтихори Наврӯз 100 дег суманак таҳия мекунанд

Дата: 19:45, 18-03-2016.

Душанбе. 18 март. ТоҷикТА – Дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз 100 дег суманак, хӯроки суннатии наврӯзии тоҷиконро таҳия мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба ин гузориш, таҷлил аз ҷашни Нарӯз дар ҳамаи 22 маҳаллаи шаҳри канори Сирдарё оғоз шудааст.
Шаҳрдории Хуҷанд барои ниёзмандони шаҳр кумакҳои молӣ ироа мекунад.
Суманак  хӯроки наврӯзии ҳамаи мардумони форсизабон бо шумули форсҳо, тоҷикон, паштунҳо ба шумор меравад ва бархе аз мардумони туркзабон, монанди ӯзбекҳо ва озариён низ ин ғизои хушмазаро омода мекунанд. Суманакпазон ғизои вижаи наврӯзиро аз донаҳои ҷавоназадаи гандум мепазанд.
Дар Тоҷикистон Наврӯз рӯзи 21 март ҷашн гирифта мешавад.

Поделиться новостью: