ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 6:20 | 20 ноябр

Дар Ҳисор чойхонаи камназир дар чорчӯби шакли харбуза сохта шуд

Дата: 12:25, 27-10-2015.


Душанбе. 27 октябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар Ҳисор як чойхона бо тарроҳии камназир дар чорчӯби шакли харбуза сохта ва ба баҳрабардорӣ дода шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар иттилоъи шаҳрдорӣ, имрӯз дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 3000-умин солгарди Ҳисор бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳисор як чойхона бо тарроҳии беҳамто дар шакли харбуза ба баҳрабардорӣ расид.
Тарҳи бинои бузург ва ғайримуқаррарии “Чойхонаи миллӣ”-и тоҷикро ширкати “Шаҳрофар” ба асоси сафориши ширкати “Баракат” дар кӯтоҳмуддат таҳия ва бунёд кардааст.
Баландии (иртифоъ) чойхона 43 метр, тӯли (дарозӣ) он беш аз 100 метр ва бараш (арз) 55 метр буда, дар як сабки меъмории ғайримаъмул дар интибоқ бо суннатҳои бостонии шаҳрсозии тоҷик сохта шудааст.
Ба асоси тарҳи ғайримаъмули бинокорӣ дар ошёнаи якуми чойхона дар майдони 1 600 метри мураббаъ толор барои беш аз як ҳазор нафар, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ ва 5 ошпазхонаи пешрафта сохта шудааст.
Дар ошёнаи дувум толори аслии чойхона, ки аз майдони 2 036 метри мураббаъ иъборат буда ва дорои 1 200 ҷойи нишаст мебошад, ба шакли харбуза сохта шудааст ва айвони фарохе дорад.
Ин чойхона 85 нафарро бо кору дастмузди доимӣ таъмин кардааст.
Масъулон барои сохтусоз ва ороиши чойхона танҳо аз масолеҳи сохтмонӣ ва маводди хоми Тоҷикистон истифода кардаанд.
“Чойхонаи миллӣ”-и Ҳисори Шодмон дар майдони 4,5 ҳектор бунёд ёфта ва гирду атрофи он бо 8 навъи дарахтони ороишӣ (зинатӣ)  ва 4 гуна гулу буттаҳо орову торо дода шудааст.
Қарор аст, дар майдони 22 ҳектори ин маҳал дар оянда боғи фарҳангу фароғат бунёд шавад.  

Поделиться новостью: