ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:56 | 16 октябр

Дар ҷануби Тоҷикистон бузургтарин корхонаи фароварии панба дар кишварро боз карданд

Дата: 20:33, 08-10-2014.


Душанбе. 8 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар ҷануби Тоҷикистон бузургтарин корхонаи фароварии панба дар сартосари кишварро боз карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бино бар гузориши дафтари матбуъотии раёсатҷумҳурии ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози баҳрабардорӣ аз корхонаи нави фароварии наху панба дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ширкат кард.
Ба иттилоъи манбаъ, ин корхонаи бузургтарини кишвар дар соҳаи фароварии наху панба дар майдони 9 ҳектор сохта шуда, дар як шабонарӯз 800 тонна, дар як сол 60 ҳазор тонна нахи панбаро пардозиш мекунад.
Барои эҳдос ва таҷҳизоти корхонаи нави панба 31 миллион сомонӣ баробар бо 6,2 миллион доллар аз ҳисоби маблағгузории мустақим ва сармоягузорони хориҷӣ харҷ шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар корхона дар ду баст 165 нафар кор мекунанд ва маъоши моҳвори коргарон 1,7 ҳазор сомонӣ баробар бо 340 доллар аст.

Поделиться новостью: