ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:50 | 16 октябр

Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон барномаи аъмали миллии ҳуқуқи башарро тавсия кард

Дата: 14:42, 10-06-2015.


Душанбе. 10 июн. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид (СММ) ба ҳукумати Тоҷикистон иттихози як барномаи аъмали миллӣ дар мавриди ҳуқуқи башарро тавсия кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Вай дар ин бора дар Душанбе дар мулоқот бо хабарнигорон изҳор кардааст ва гуфтааст, ки “мо бояд барои пешрафти сулҳ, тавсеъа ва ҳуқуқи башар ҳамкорӣ кунем”.
Пан Ги Мун бо баёни дастовардҳои Тоҷикистон дар мубориза бо фақр, дар мавриди омодагии СММ  барои мусоъидат дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқи башар, аз ҷумла таъомули ҳукумати ҷумҳурӣ бо ниҳодҳои дидабони ҳуқуқи башари созмон, итминон дод.
Дабири кулл зимни тавсия ба ҳукумати ҶТ барои иттихози барномаи аъмали миллӣ дар аърсаи ҳуқуқи башар, гуфт, ки таҳкими меконизмҳои ҳамоҳангкунандаи миллӣ ва иҷрои тавсияҳои СММ дар мавриди ҳамкорӣ бо ҷавомеъи маданӣ саҳми муҳимм барои омодагии Тоҷикистон барои мурури куллии авзоъи ҳуқуқи башар дар чаҳорчӯби марҳилаи дувуми он хоҳад буд. Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ин гузоришро анҷом хоҳад дод.
Ӯ бо ишора ба дастовардҳои Тоҷикистон дар мубориза ба фақр, коҳиши мизони маргумири модарон, коҳиши бемории вараҷа ба миқёси нисф ва имкони омӯзишу парвариши теъдоди бештари духтарон дар дабиристонҳо, гуфт, ки “ман аз нақши ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об ва беҳдошт ва тақозои хосси кишварҳое, ки роҳ ба сӯи обҳои озод надоранд, қадрдонӣ мекунам”.
Ёдовар мешавем, ки дабири кулли СММ рӯзи сешанбе барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва дар ҳамойиши байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ширкат кард, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва соири мақомоти расмии кишвар дидору гуфтугӯ дошт.
Вай зимни суханронӣ дар ҳамойиши об гуфт, ки дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ увлавиятҳои тавсеъа барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар сартосари ҷаҳон 2,5 миллиард инсон аз хадамоти муносиби беҳдоштӣ маҳруманд. Бар иълова, ҳудуди як миллиард нафари дигар барои ҳоҷати қазо аз маҳалли боз истифода мекунанд. Набуди беҳдошт таҳдиди ҷиддӣ барои саломатӣ, шарафу иъззат ва куллан рушди инсон мебошад.
Дар сартосари ҷаҳон ҳамарӯза ҳудуди ҳазор кӯдаки то панҷсола дар натиҷаи истеъмоли оби олуда ва ё аъдами усули беҳдоштии муносиб мемиранд.
Бино ба пешбиниҳои СММ, пас аз 10 сол ҳудуди 1,8 миллиард инсон дар манотиқи мувоҷеҳ бо камбуди об ва ду савуми ҷамъияти ҷаҳон дар шароити камбуди об ба сар хоҳанд бурд.

Поделиться новостью: