ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:33 | 18 июл

Чин барои тақвияти марзи тоҷику афғон кумак мекунад

Дата: 15:07, 28-09-2017.

Душанбе. 28 сентябр. ТоҷикТА – Чин барои тақвияти марзи тоҷику афғон ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  Го Шенкун, вазири амнияти ъумумии Чин дар ҳошияи 86-умин маҷмӯъи ъумумии Интерпол дар Пекин бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мулоқот кард.
Тарафҳо дар мулоқот масоъили ҳамкорӣ дар миёни вазоратҳо дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, таҷзияталабӣ, қочоқи маводди мухаддир, тахаллуфи фаромиллӣ ва боздошти афроди таҳти пайгардро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, онҳо дар мавриди вазъияти кунунии сиёсии  Афғонистон, ҷилавгирӣ аз аъмоли ҷиноӣ дар марзи тоҷику афғон ва таҳдидоти имрӯза табодули афкор карданд.
Вазири Чин гуфт, ки кишвараш омода аст, ки барои омодасозии мутахассисони  заминаи ҷиноёти сойберӣ ва фаромарзӣ ба Тоҷикистон кумак диҳад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз Русия барои ҳифзи марзҳои ҷанубӣ ба Тоҷикистон кумак медод. То соли 2004 марзбонони Русия марзи тоҷику афғонро ҳифозат мекарданд.

Поделиться новостью: