ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:45 | 16 октябр

Чиҳил пажӯҳишгари КМҲ дар маркази “Помир-Чакалтой” сафари эъзомии ҷолибро анҷом доданд

Дата: 14:25, 15-10-2014.


Душанбе. 15 октябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар маркази иълмиву таҳқиқотии “Помир-Чакалтой” 40 тан пажӯҳишгар аз кишварҳои мустақили ҳамсуд (КМҲ) сафари иълмии ҷолиберо анҷом доданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуъотии бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои инсондӯстонаи  (ББҲИ) КМҲ, аз 6 то 14 октябр дар баландии 4370 метр аз сатҳи дарё, сафари эъзомӣ ва ҳамзамон, давраи корозмоӣ ва омӯзишии ситорашиносони ҷавон ба анҷом расид.  
Ба иттилоъи манбаъ, таи 5 сол маркази таҳқиқотии “Помир-Чакалтой”, ки маҳалли муносибе барои анҷоми мушоҳидаҳои иълмии партавҳои кайҳонӣ бо энержиҳои бисёр боло, ба шумор меравад, аз сӯи Тоҷикистон ва Русия муштаракан истифода мешавад.  
Фарҳод Раҳимов, раиси Фарҳангистони уълуми ҶТ, ки дар охири ин сафари иълмӣ бо пажӯҳишгарон дидору гуфтугӯ дошт, изҳор кард, ки ба шарофати мусоиъдатҳои ББҲИ КМҲ,  имконоти фановарии ин озмоишгоҳи воқеъ дар баландкӯҳ барои пажӯҳишгарони ҷавони ҳамаи кишварҳои мустақили ҳамсуд дастрас аст.
Анатолий Иксанов, раиси бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои инсондӯстона, ки ҳамчунин дар мулоқоти ин пажӯҳишгарони кишварҳои ҳамсуд ширкат дошт, ба мутахассисони ҷавон ва пажӯҳишгарони унвонҷӯ мадраки ширкат дар ин сафари эъзомии илмиро супурд.
Иксанов бо таъкид ба натиҷаҳои корозмоӣ ва омӯзишӣ дар ин марказ, гуфт, ки иҷрои чунин тарҳҳо барои тавсеъаи зарфият ва тавоноиҳои ҳамаи кишварҳои мустақили ҳамсуд ҳойизи аҳаммият аст.
Ба гуфтаи вай, корозмоӣ дар сафари эъзомӣ дар маркази иълмиву таҳқиқотии “Помир-Чакалтой” на танҳо табодули донишу таҷриба миёни мактабҳои гуногуни иълмист, балки иъловатан имкони санҷидану озмудани пажӯҳишҳои назарӣ дар раванди кори аъмалӣ дар маркази камназири таҳқиқоти иълмист.  
Масъулони дафтари матбуъотии ББҲИ таъкид намудаанд, ки шумори бештари корозмоёни ин мактаби маркази баландкӯҳ барои нахустин бор ба Помир сафар кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, мактаби ситорашиносон ба маҳаллу майдони ҳамкориҳои пажӯҳишгарони ҷавони кишварҳои ҳамсуд табдил шудааст.  

Поделиться новостью: