ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 7:48 | 18 сентябр

Чархболҳои вазорати дифоъи ҶТ ба дараи Бартанг ба кумаки осебдидагони зилзила расиданд

Дата: 19:15, 11-12-2015.

Нахуствазири Тоҷикистон бо ҳайаташ ба Кӯҳистони Бадахшон рафт
Душанбе. 11 декабр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Имрӯз Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар раъси як комиссиюни ҳукуматӣ ба манзури ошноӣ бо вазъияти сарбанди (садд) дарёчаи Сарез дар паи зилзилаи шадиди 7 декабр, ба вилояти Кӯҳистони Бадахшон рафт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Иълова бар ин, Қ. Расулзода дар маркази ноҳияи Рӯшон бо аҳолии аз зилзила осебдида дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар паи рухдоди заминларзаи шадиди соъати 12:50-и 7 декабр ба нерӯи 7,5 дараҷа, 15 пасларза рух дод. Маркази ин зилзилаи ваҳшатнок дар қаламрави ноҳияи Мурғоби Бадахшон, дар 364 километрии Душанбе ва 22 километрии дарёчаи баландкӯҳи Сарез буд, ки 2 кушта, 15 захмӣ ва ҳудуди 600 хонаву дари хароб ҷой гузошт.
Беш аз ҳама, дараи рӯдхонаи Бартанг ва рустоҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Кӯҳистони Бадахшон хисорат диданд.
Дар Тоҷикистон комиссиюни ҳукуматии аз байн бурдани пайомадҳои (оъқибатҳо) заминларзаи шадидро созмон додаанд, ки таҳти раёсати Азим Иброҳим, муъовини нахуствазири кишвар фаъолият мекунад. Комиссиюн дастур гирифтааст, ки дар кӯтоҳмуддат он иъдда сокинони осебдидаро, ки зилзила хонаву дарашонро хароб кардааст, бо сарпаноҳи муваққатӣ, либоси гарм, ғизо ва маводди ниёзҳои аввалия таъмин намояд ва ҳамчунин, барои аз байн бурдани аъвоқиби ин оъфати табиъӣ ба сурати фаврӣ иқдом кунад.

Чархболи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Бартанг маводди ғизоӣ ва либос интиқол дод
Душанбе. 11 декабр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Чархболи вазорати дифоъи Тоҷикистон беш аз 1 тонна маводи ғизоӣ ва либоси гармро барои осебдидагони зилзилаи шадиди 7 декабр, ба дараи Бартанг мунтақил кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бинобар хабарҳое, ки аз вилояти Кӯҳистони Бадахшон мерасад, чархболи ҳомили кумакҳои инсондӯстонаи вазорати дифоъи кишвар субҳи имрӯз аз ноҳияи Рӯшон ба дараи Бартанг парвоз кард.
Ин кумакҳо, ки шомили орд, шакар, макарон, равғани растанӣ ва ғайра аст, аз сӯи ожонси манобеъи давлатии ҶТ барои осебдидагони Бадахшон тахсис дода шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар Рӯшон ду чархболи дигари ҳомили маводди ғизоӣ омодаи парвоз ба Бартанг аст. Афроди аз зилзила осебдида, ки ба кумаки пизишкӣ ниёз доранд, дар роҳи бозгашт аз дараи Бартанг бо ин чархболҳо ба бемористонҳо мунтақил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар паи рухдоди заминларзаи шадиди соъати 12:50-и 7 декабр ба нерӯи 7,5 дараҷа, 15 пасларза рух дод. Маркази ин зилзилаи ваҳшатнок дар қаламрави ноҳияи Мурғоби Бадахшон, дар 364 километрии Душанбе ва 22 километрии дарёчаи баландкӯҳи Сарез буд, ки 2 кушта, 15 захмӣ ва ҳудуди 600 хонаву дари хароб ҷой гузошт.
Беш аз ҳама, дараи рӯдхонаи Бартанг ва рустоҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Кӯҳистони Бадахшон хисорат диданд.
Дар Тоҷикистон комиссиюни ҳукуматии аз байн бурдани пайомадҳои (оъқибатҳо) заминларзаи шадидро созмон додаанд, ки таҳти раёсати Азим Иброҳим, муъовини нахуствазири кишвар фаъолият мекунад. Комиссиюн дастур гирифтааст, ки дар кӯтоҳмуддат он иъдда сокинони осебдидаро, ки зилзила хонаву дарашонро хароб кардааст, бо сарпаноҳи муваққатӣ, либоси гарм, ғизо ва маводди ниёзҳои аввалия таъмин намояд ва ҳамчунин, барои аз байн бурдани аъвоқиби ин оъфати табиъӣ ба сурати фаврӣ иқдом кунад.
Аз дараи Бартанги Бадахшон 25 тан аз осебдидагони зилзила тахлия шуданд
Душанбе. 11 декабр. ТоҷикТА -- Нигинаи Азизмурод. Чархболи вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз нахустин кумаки инсондӯстонаи ҳукуматро ба осебдидагони зилзилаи шадиди 7 декабр, ба дараи Бартанг мунтақил кард, барои аввалин бор 25 осебдидаро аз дара тахлия намуд, мегузорад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Намояндаи ҳукумати вилояти Кӯҳистони Бадахшон зимни тайиди ин иттилоъ гуфтааст, ки беморон дар ҳоли ҳозир дар бемористони ноҳияи Рӯшон таҳти муроқибати пизишкӣ қарор доранд ва дигарон ба сурати муваққатӣ дар хонаҳои бастагонашон ва дар бинои дабиристонҳо ба сар мебаранд.
Гуфта мешавад, ки аз ҷамъи кулли тахлияшудагон 4 нафар беморанд, 12 тан кӯдаканд ва афроди боқимонда дару хонаашонро дар зилзила аз даст дода ва бесарпаноҳ мондаанд.
Дар ҳоли ҳозир нахуствазири тоҷик Қоҳир Расулзода дар Бадахшон дар раъси комиссиюни ҳукуматӣ бо вазъияти сарбанди дарёчаи баландкӯҳи Сарез ошно мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар паи рухдоди заминларзаи шадиди соъати 12:50-и 7 декабр ба нерӯи 7,5 дараҷа, 15 пасларза рух дод. Маркази ин зилзилаи ваҳшатнок дар қаламрави ноҳияи Мурғоби Бадахшон, дар 364 километрии Душанбе ва 22 километрии дарёчаи баландкӯҳи Сарез буд, ки 2 кушта, 15 захмӣ ва ҳудуди 600 хонаву дари хароб ҷой гузошт.
Беш аз ҳама, дараи рӯдхонаи Бартанг ва рустоҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Кӯҳистони Бадахшон хисорат диданд.
Дар Тоҷикистон комиссиюни ҳукуматии аз байн бурдани пайомадҳои (оъқибатҳо) заминларзаи шадидро созмон додаанд, ки таҳти раёсати Азим Иброҳим, муъовини нахуствазири кишвар фаъолият мекунад. Комиссиюн дастур гирифтааст, ки дар кӯтоҳмуддат он иъдда сокинони осебдидаро, ки зилзила хонаву дарашонро хароб кардааст, бо сарпаноҳи муваққатӣ, либоси гарм, ғизо ва маводди ниёзҳои аввалия таъмин намояд ва ҳамчунин, барои аз байн бурдани аъвоқиби ин оъфати табиъӣ ба сурати фаврӣ иқдом кунад.

Поделиться новостью: