ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:23 | 10 декабр

Бино ба назарпурсӣ маҳбубтарин овозхон дар Тоҷикистон Нигина Амонқулова аст

Дата: 11:12, 19-02-2016.

Душанбе. 19 феврал. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Маҳбубтарин овозхони Тоҷикистон, бино ба назарпурсиву назарсанҷӣ дар миёни аҳолии кишвар, Нигина Амонқулова мебошад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба гузориши ширкати  Z-Analytics Group бар пояи таҳлили маркази пажӯҳишҳои ҷомеъашинохтии “Ойина”, дар Тоҷикистон Нигина Амонқулова маҳбубтарин хонанда (овозхон) шинохта мешавад.
Аз 902 посухдиҳанда дар сартосари кишвар, ки Z-Analytics Group дар мавриди хонандаи маҳбубашон суол кард, 14 дарсад Нигинаро ба уънвони дӯстдоштатарин овозхонашон муъаррифӣ карданд.
Дар раванди назарпурсӣ мусоҳибон (посухдиҳандагон) куллан аз 167 овозхон ба уънвони маҳбубтарин хонандаашон ном бурданд. Бо ин ҳол, 15 дарсад аз мусоҳибон посух доданд, ки аслан хонандаи маҳбуб надоранд.
Ин назарсанҷӣ дар Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2015 то 14 январи соли 2016 анҷом шуд.
6 дарсад аз посухдиҳандагон Зиёвиддин Нурзодро хонандаи маҳбубтарини худ хонданд.
Натиҷаи назарпурсӣ аз 902 тан дар саросари ҷумҳурӣ нишон дод, ки овозхонони номовари тоҷик -- Садриддин Наҷмиддин, Афзалшоҳ Шодӣ ва Нозияи Кароматуллоҳ ҳар кадом 3 дарсадӣ мухлису ҳавохоҳи шадид доранд.

Поделиться новостью: