ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:28 | 15 октябр

Бар рӯи рӯдхонаи Ванҷоб дар ҷоддаи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ пули нав сохта шуд

Дата: 19:00, 28-07-2015.


Душанбе. 28 июл. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар ҷоддаи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ бар рӯи рӯдхонаи Ванҷоб пули нав сохта ва ба баҳрабардорӣ дода шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раёстҷумҳурии ҶТ, имрӯз, 28 июл дар ноҳияи Ванҷи Бадахшон (ВМКБ) бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маросими гушоиши пули ҷадид баргузор шуд.
Қаблан миёни вазорати ҳамлу нақли ҶТ ва ширкати роҳ ва пулсозии Чин тавофуқнома дар мавриди сохтусози пули рӯдхонаи Ванҷоб ба маблағи 4 миллиону 306 ҳазор доллар имзо шуда буд ва кори сохтусози пул моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардид.
Пули нав зарфияти ҳамли 100 тонна борро дорад ва дарозои (тӯл) он 146 метр, бараш (аърз) 10,5 метр ва бари ҷоддаи он 8,5 метр мебошад.
Барои сохтмони пул аз будҷаи Тоҷикистон 22 миллиону 914 ҳазор сомонӣ (3 миллиону 514 ҳазор доллар) тахсис додаанд.
Хотирнишон мекунем, ки Э. Раҳмон имрӯз сафари чаҳоррӯзаи худ ба ВМКБ-ро аз ноҳияи Ванҷ оғоз кард. Вай дар ин сафар ба манзури ошноӣ ба вазъияти иҷтимоъиву иқтисодӣ аз ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ дидан мекунад ва теъдоде аз иншоъотҳои навро ба баҳрабардорӣ мерасонад. Ҳамчунин, бо мардуми аз сел осебдидаи ноҳияҳои Бадахшон мулоқот карда, бо раванди рафъи аъвоқиби оъфати табиъӣ ошно мешавад.  

Поделиться новостью: