ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:52 | 13 ноябр

“Барқи тоҷик” аз Кентауи Қазоқистон трансформаторҳо харидорӣ мекунад

Дата: 17:31, 05-02-2016.


Душанбе. 5 феврал. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Ширкати саҳоми “Барқи тоҷик” воридоти трансформаторҳои ширкати саҳоми “Корхонаи таронсформаторсозии Кентау”-и Қазоқистонро оғоз кардааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Дар ин бора Мирзо Исмоилзода,.раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” ба хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вай, нозирони бозсозиву сохторбандии “Барқи тоҷик”, ки таҳти раёсати нахуствазир Қоҳир Расулзода фаъолият доранд, иҷоза доданд, то ширкат тарнсформаторҳоро ба асоси озмун харидорӣ кунад.
Ба гуфтаи Исмоилзода, барои харидани трансформатор дар миёни корхонаҳои трансформаторсозии Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва 8 корхонаи Русия, Қазоқистон ва чанд кишвари дигар озмун роҳандозӣ карданд.  
Бинобар натиҷагириҳои озмун, ба маҳсулоти тавлидии Қазоқистон – ширкати саҳоми  “Корхонаи трансформаторсозии Кентау” тарҷеҳ дода шуд ва тарафайн дар мавриди хариду фурӯши трансформаторҳо қарордод имзо карданд.
Бинобар иттилоъи ширкати “Барқи тоҷик”, то кунун 4 вагон трансформаторҳои тавлиди Қазоқистон вориди қаламрави Тоҷикистон шудааст.
Қарор аст, 6 вагони дигари ҳомили трансформаторҳои қазоқ дар ояндаи наздик ба Душанбе бирасад.

Поделиться новостью: