ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:59 | 16 октябр

Қазоқистон аввалин бор хабаргузории иттилоъотӣ ба забони чиниро дар бозори расонаҳои хабарии Чин роҳандозӣ кард

Дата: 18:29, 11-11-2014.


Душанбе. 11 ноябр. ТоҷикТА – Қазоқистон барои нахустин бор дар бозори расонаҳои хабарии Чин хабаргузории иттилоъотии Silkroadnews.org (Ахбори Роҳи абрешим) ба забони хитоиро роҳандозӣ кард, гузориш медиҳад хабаргузории КазТАГ.
Маросими рӯнамоии ин хабаргузорӣ бо ҳузури хабарнигорони чиниву қазоқ дар пойгоҳи аслии маркази иттилоъоти интернетии Чин (Cnina.org.cn) бо муваффақият баргузор шуд.
Ба гуфтаи Ли Тао, муъовини сардабири хадамот ба забонҳои хориҷии маркази иттилоъотии ҶХЧ China.org.cn, хабарнигорони Чин ба нахустин ва танҳо хабаргузории иттилоъотӣ ба забони чинӣ дар фазои шӯравии собиқ, аълоқамандии зиёд нишон доданд. Ин хабаргузорӣ дар бораи ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ирон иттилоъоти фаврӣ мунташир мекунад. Ли Тао афзуд, ки хабари роҳандозии ин хабаргузорӣ барои мо ғайримунтазира буд ва аз ин ибтикор истиқбол мекунем. Ӯ бо таъкид бар шеваи ҳирфаии кор ва кайфияти ахбор, ибрози умедворӣ кард, ки дар навори ахбор, хабарҳо бо забони равони чинӣ мунташир мешаванд.        
Саидқозӣ Матаев, раиси Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон пешниҳод кард, то табодули иттилоъот, ки барои ҳар ду кишвар судбахш аст, роҳандозӣ шавад. С. Матаев изҳори умедворӣ кард, ки бо зуҳури ин хабаргузорӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозори васеъи иттилоъотии Чин ворид хоҳанд шуд.  
Ба фаъолияти хабаргузории иттилоъотии Қазоқистон ба забони чинӣ, анҷумани журналистони сартосарии Чин, ширкати расонаии пойтахт “Пекин жибао”, маркази телерадиои Шонгҳой, ширкати расонаии Shanghai United Media Group ва рӯзномаи ҳаррӯзаи “Вэнхуайбао”, ки муштариёнаш ба таври уъмда равшанфикрони халлоқ ва иълмии Чин аст, аълоқамандӣ зоҳир карданд.
Гурӯҳи хабарнигорони Қазоқистон муташаккил аз Саидқозӣ Матаев, раиси иттиҳодияи журналистони Қазоқистон, Ермурат Бапи, раҳбари тарҳи “Мавқеъи ҷамъиятӣ “Дод”, Александр Краснер, сардабири рӯзномаи “Новая газета”, Дулатбек Абиш, раиси хонаи ноширон “Айгак”, Иброҳим Жусупқалиев, раиси бахши иттиҳодияи журналистони вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ба даъвати анҷумани журналистони сартосарии Чин, дар ҶХЧ сафари корӣ анҷом доданд.  

Поделиться новостью: